Доруҳои пастсифату муҳлаташон гузашта мусодира ва ба коми оташ андохта шуданд
ХОРУҒ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони намояндагии Хадамоти назорати фармасевтии ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади пешгирӣ ва аз муомилот берун кардани доруҳои пастсифат ва муҳлаташон гузашта санҷиши навбатӣ баргузор карданд. Роҳбари ин намояндагӣ дар вилоят Зуҳро Олимшоева гуфт, ки «фурӯхтани дору бар дӯши инсон масъулияти бузург мегузорад. Зеро дар бисёр маврид як дона доруи асил ва пок метавонад бемори рӯи бистарро ба по хезонад. Аммо доруи пастсифату қалбакӣ метавонад дардро шадидтар созад. Доруфурӯш, пеш аз ҳама, бояд дар бораи саломатии одамон фикр кунад ва баъд аз он дар бораи тиҷорати худ».
Мутаассифона, аснои санҷиш аён гардид, ки на ҳамаи дорухонаҳо ин меъёри муҳимро риоя мекунанд. Давоми як ҳафта сифату муҳлати дорувории 58 муассисаи фармасевтӣ ва 31 муассисаи табобатии вилоят мавриди санҷиш қарор дода шуд. Аз дорухонаҳои шаҳру ноҳияи вилоят 94 навъи дору, ки бештарашон барои кӯдакони бемор тавсия дода мешаванд, мусодира шуданд.
Ба гуфтаи Зуҳро Олимшоева, ҳангоми санҷиш 933 адад доруворӣ аз муомилот берун карда шуда, шахсони масъул ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд.
Ҳамчунин мутахассисони намояндагии мазкур сифати маводи ороишии чанд мағоза ва кошонаҳои ҳуснро санҷида, 8 номгӯй маводеро, ки ба талаботи меъёрҳои фармасевтӣ ҷавобгӯ набуданд, ошкор карданд. Ин муассисаҳои хизматрасонӣ низ ба маблағи 13 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Тамоми маводи мусодирашуда пас аз ташхис ва таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба коми оташ андохта шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






