ФУТБОЛ: рақиби навбатии «Истиқлол» дар Ҷоми КФО-2018 муайян шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Боз як рақиби чемпиони Тоҷикистон — «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО -2018 дар гурӯҳи «D»-и минтақаи Марказӣ маълум шуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин даста «Алтин Асир»-и Ашқобод-чемпиони Туркманистон мебошад. Дастаи футболи «Алтин Асир» бори чаҳорум дар таърихаш чемпиони футболи Туркманистон гардид. Дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО -2018 дастаи «Истиқлол» бо «Алтин Асир» 14 март дар шаҳри Ашқобод ва 16 май дар шаҳри Душанбе бозӣ мекунад.
Ба ин тартиб, ба гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО -2018 се дастаи чемпион – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олой» (Қирғизистон) ва «Алтин Асир» (Туркманистон), инчунин ғолиби даври плей-офф, ки 20 феврал маълум мешавад, шомиланд. Дар бозиҳои пешакӣ рӯзҳои 23 ва 30 январ барандаи Ҷоми Қирғизистон — «Дордой»-и Бишкек ва соҳиби медали нуқраи Чемпионати Туркманистон — «Аҳал» — вориди рақобат мешаванд. Ғолиби ин ҷуфт дар даври плей-офф бо барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва дорандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон — «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бозӣ мекунад.
Дастаи футболи «Хуҷанд» нахустин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми КФО -2018 13 феврал дар шаҳрҳои Бишкек ё Ашқобод, бозии ҷавобиро 20 феврал дар майдони худ анҷом медиҳад.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО -2018 дар минтақаи Марказӣ 7 март оғоз ёфта, 16 май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои нимфиналӣ ва финалии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми КФО -2018 27 октябр барпо мегардад.








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






