ФУТЗАЛ: ҷоизадорони лигаи касбии футзали Тоҷикистон муайян шуданд

Декабрь 14, 2017 11:53

ДУШАНБЕ, 14.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мавсими имсолаи лигаи касбии футзали Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи «ДИСИ Инвест»-и Душанбе ба поён расид.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дастаи футзали «ДИСИ Инвест», ки бори чаҳорум чемпиони Тоҷикистон шуд, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти Чемпионати бошгоҳии Осиё-2018 мушарраф гардид. Дастаи футзали «ДИСИ Инвест» аз 28 бозӣ дар 26-тоаш ғолиб омада, танҳо дар ду дидор мағлуб шуд ва бо 78 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Дастаи футзали «ДИСИ Инвест»-и Душанбе бо медалҳои тиллои мусобиқоти Чемпионати футзали Тоҷикистон мукофотонида мешавад.

Медалҳои нуқра бори аввал насиби дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд гардиданд. Ин даста, ки 65 имтиёз дорад, мақоми дуюмро аз они худ кард. Ду даста – «Равшан»-и Кӯлоб ва «Соро компания»-и Душанбе 55-имтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи натиҷаи бозиҳо миёни онҳо  дастаи футзали «Равшан» мақоми сеюмро соҳиб шуд ва бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мегардад.

Бозингари дастаи «Равшан» Шодӣ Муродов, ки 46 тӯб задааст, беҳтарин нишонзани чемпионат номида шуд.

Декабрь 14, 2017 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад