ФУТЗАЛ: рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 11 феврали соли 2018 дар шаҳри Тайбэйи Чин Чемпионати Осиё-2018 оид ба футзал баргузор мегардад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маросими қуръакашии мусобиқоти мазкур имрӯз баргузор шуд. Тибқи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби қавии Осиё — Ӯзбекистон, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ ба гурӯҳи «В» шомил шуд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Тайбэйи Чин, Ветнам, Малайзия ва Баҳрайн, дар гурӯҳи «С» дастаҳои мунтахаби Эрон, Ироқ, Чин ва Мянма, дар гурӯҳи «Д» дастаҳои мунтахаби Тайиланд, Қирғизистон, Лубнон ва Урдун шомил шуданд.
Ёдовар мешавем, ки баҳри омодагӣ ба ин мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Туркия оид ба футзал дидорҳои дӯстона анҷом медиҳанд.
Бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ва Туркия 26 ва 27 декабр дар шаҳри Душанбе барпо мегарданд.








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






