Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»-ро тасдиқ намуд

Декабрь 12, 2017 09:17

ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, 11 декабр  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум  доир гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, дар кори он   5 масъала — оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№ 58, 61 ва 67,  ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018», баррасии лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2018 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2016, баррасии лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025», оид ба тасдиқ намудани қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 июли соли 2017, «Дар бораи Дурнамои рушди савдо ва хизматрасониҳои маишӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017 — 2025» ва тасдиқи як силсила қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Дар ибтидо иҷлосия натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо аз 19 ноябри соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботии №№ 58, 61 ва 67 ҷамъбаст намуда, ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар ҳавзаҳои номбурда тасдиқ кард. Сипас, Раиси  шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанберо дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои соли 2018 муайян кард»,- афзуд манбаъ.

      Зимни пешниҳоди ҳисобот Раиси шаҳр, аз ҷумла, зикр кард, ки мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ, Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) дар моҳҳои январ — сентябри соли 2017 ба 7510,0 (ҳафт миллиарду панҷсаду даҳ) миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 17,7 фоизро ташкил дод.

Рустами  Эмомалӣ ҳамчунин иброз дошт, ки дар моҳҳои январ – сентябри соли 2017 сохтори Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) аз ҳисоби  истеҳсоли молҳо 22,9 фоиз, хизматрасонӣ 73,2 фоиз  ва андозҳо 3,9 фоиз ташаккул ёфтааст. Дар ин давра рушди МММ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 103,6 фоиз, боркашонӣ 101,4 фоиз, гардиши савдои чакана 101,3 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 103,7 фоиз таъмин гардидааст.

 Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 467 корхонаи саноатии шакли моликияташон гуногун, бо дарназардошти субъектҳои хусусӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1406,6 (як миллиарду чорсаду шаш) миллион сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 фоиз зиёд мебошад.

Баъди баррасиии масъалаҳои мазкур аз ҷониби вакилон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ    аз роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳо бо қотеъият талаб кард, ки тамоми камбудӣ ва нуқсонҳои мавҷударо сари вақт бартараф намуда,   дастуру супоришҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри пешрафт, тараққӣ ва ободонии шаҳр ҷиҳати фароҳам овардани зиндагии шоиста ба тамоми қишрҳои ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як зумра қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои муҳими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

 

Декабрь 12, 2017 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд
Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат муваққатан қатъ мегардад
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!». Озмуни шаҳрии шеър ва суруди беҳтарин оғоз мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд