Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 28-уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ дар Исломобод
ДУШАНБЕ, 15.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр дар шаҳри Исломободи Покистон ҷаласаи 28-уми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар сатҳи вазирон доир гардид. Зимни ҷаласа нақшаи барномаю лоиҳаҳо ва ҷадвали чорабиниҳои СҲИ барои соли 2018 тасдиқ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ширкат варзид. Дар суханронии роҳбари ҳайат самтҳои авлавиятноки ҳамкории кишвар бо СҲИ ва роҳҳои тақвияти ин ҳамкорӣ таъкид гардиданд. Низомиддин Зоҳидӣ дар мавриди чорабиниҳое, ки соли оянда дар Душанбе доир мегарданд, аз ҷумла, иҷлосияи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ сухан ронда, аз кишварҳои узви созмон ҷиҳати иштироки фаъол дар ин чорабиниҳо даъват ба амал овард.
Дар доираи ҷаласаи Шӯрои банақшагирии минтақавӣ мулоқоти муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Халил Иброҳим Акча доир гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои тадорукот ва баргузории иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ (моҳи апрели 2017, Душанбе) мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо инчунин дар мавриди роҳҳои тақвияти ҳамкории минбаъда дар давраи Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.








31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад






