Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронсҳои байналмилалӣ дар Ашқобод
ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабри соли 2017 дар шаҳри Ашқобод ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ зери унвони «Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA): 10 соли ҳамкорӣ баҳри сулҳ ва рафоҳати минтақа» иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода муаррифӣ кард ва зимни суханронӣ роҷеъ ба таҷрибаи 10-солаи хамкории густурда ва босамари кишварҳои минтақа дар доираи UNRCCA, инчунин самтҳои мубрам ва афзалиятноки талошҳои ҳамоҳангшуда ва муштарак, ки барои таҳкими амният ва рушди устувори Осиёи Марказӣ равона шудаанд, изҳори назар намуд.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ҳамзамон аз иштирокдорони ҳамоиши мазкур даъват ба амал овард, то дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд вобаста ба Дахсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки қарор аст моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, иштирок намоянд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар конфронси байналмилалӣ зери унвони «Сиёсати бетарафӣ ва дипломатияи боздоранда дар муносибатҳои байналмилалӣ: нақш ва таҷрибаи Туркманистон» ширкат намуд.
Дар кори ин ҳамоишҳо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода низ иштирок кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






