Клод Марталер филми мустанадро оид ба сафари хеш ба Тоҷикистон муаррифӣ кард
ДУШАНБЕ, 13.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабри соли 2017 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва таблиғу ташвиқи симои мусбати Тоҷикистон дар кишвари иқомат дар шаҳри Женева ҳамоиши иттилоотӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, сафорат дучархасавори машҳури Швейтсария Клод Марталерро, ки чанд маротиба ба Тоҷикистон бо дучарха сафар кардааст, ба ҷамъомади мазкур ҷалб намуд. Клод Марталер як филми мустанадро аз сафари хеш ба Тоҷикистон пешкаши ҳозирин гардонд.
Ҳамзамон кормандони Сафорат имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва сиёсати рушди туризмро ба иштирокдорон муаррифӣ карда, маводи таблиғотӣ-маълумотӣ, аз қабили китобчаҳоро ба онҳо тақдим намуданд.










Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






