Маҷлиси намояндагон созишномаҳо оид ба барқарорсозии НБО «Норак» ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро қабул намуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур вакилони Маҷлиси намояндагон ду масъала: Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», марҳалаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Созишномаи ҳукуматии имтиёзию қарзӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чинро баррасӣ намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода оид ба масъалаҳои пешбаришуда зикр кард, ки Неругоҳи барқи обии «Норак» солҳои 70-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, давоми 46 соли фаъолият зиёда аз 434 млрд. киловатт-соат неруи барқ истеҳсол кардааст. Ҳоло зарурат ба миён омадааст, ки иқтидорҳои пешинаи неругоҳ барқарор карда шаванд. Лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи барқи обии «Норак» дар ду марҳила давоми даҳ сол сурат гирифта, дар доираи он таҷдиди ҳамаи гидроагрегатҳо амалӣ карда мешавад ва иқтидори истеҳсолии НБО то ба 10 фоиз боло бурда мешавад.
Вобаста ба Созишномаи ҳукуматии имтиёзию қарзӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» зикр карда шуд, ки ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи мазкур ба шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистон пайваст намудани Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ ба воситаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба зеристгоҳи «Душанбе» ҳамроҳ карда мешавад.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз баррасии пурра ҳар ду созишномаҳоро оид ба барқарорсози НБО «Норак» ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ якдилона қабул карданд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






