ОБУ ҲАВО: имрӯз дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои офтобӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 28 декабр дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол аз самти шарқ ба мушоҳида расида, то 20-22 метр дар як сония мевазад. Дар бештари ноҳияҳо ҳавои офтобӣ дар назар аст.
Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 5 дараҷа сард мешавад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 28 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 13-18 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ гашта, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 10-15 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






