ОБУ ҲАВО: имрӯз дар минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад

Декабрь 26, 2017 09:42

ДУШАНБЕ, 26.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок гардида, дар водиҳо ҳарорат каме паст мефарояд. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барфи кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Сокинони Душанберо ҳавои боронӣ дар назар аст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 5 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 26 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21  ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок гашта, дар нимаи дуюми рӯз боридани борон пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Обуҳавошиносон дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барфро пешгӯӣ мекунанд. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 6-11 ва  рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7-9 дараҷа хунук ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 26, 2017 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад