ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар ноҳияи Рӯдакӣ барои хариди ангиштсанг ва ҳезум беш аз 1 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст
РӮДАКӢ, 01.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 1 миллиону 507 ҳазор сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки нисбат ба соли гузашта 365 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин миқдор маблағ 1 миллиону 237 ҳазор сомонӣ ба соҳаи маориф, 95 ҳазор сомонӣ соҳаи тандурустӣ ва 173 ҳазор сомонӣ ба дигар соҳаҳои буҷавии ноҳия баҳри хариди ангишт, ҳезум ва дигар маводи сӯзишворӣ ҷудо гардидааст.
Тибқи иттилои масъулини Раёсати молияи ноҳияи Рӯдакӣ, то имрӯз барои хариди ангиштсанг ва ҳезум 1 миллиону 510 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Кормандони Раёсати маорифи ноҳия мегӯянд, ки то имрӯз барои давраи тирамоҳу зимистони муассисаҳои таълимии ноҳия 1681 тонна ангишт, 1581 метри мукааб ҳезум, 6687 литр сӯзишвории дизелӣ захира намуда, корҳои шишабандии тирезаҳоро дар 1142 метри мураббаъ иҷро намудаанд. Дар 65 адад муассисаи таълимии ноҳия буғхонаҳо вуҷуд дошта, айни ҳол дар 26 муассисаҳои таълимӣ дегхонаҳо таъмиру барқарор гашта, бо низоми ягонаи марказии гармидиҳӣ фаъолият менамоянд. Инчунин 26 муассисаи таълимии дигари ноҳия ба хатти барқи доимӣ пайваст буда, таълимгоҳҳои ноҳия бо 2170 бухорӣ ва 639 дастгоҳи гармидиҳии барқӣ таъмин гардидаанд.
Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 10 адад генераторҳои барқдиҳанда, 56 дастгоҳи гармидиҳии барқӣ, 3 бухорӣ ва 290 рахти рӯпӯши гарм захира намудааст. Маркази саломатии ноҳия бо 20 адад генератори барқдиҳанда, 110 дастгоҳи гармидиҳии барқӣ ва 120 бухорӣ таъмин буда, дар ин ҷо 51,5 тонна ангишт, 25 куб ҳезум ва 250 литр сӯзишвории дизелӣ захира намудаанд.
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар мувозинати худ 326.1 км роҳҳои байналмилалии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба уҳда дошта, ду ағбаи асосӣ- Фахробод ва Султонободро нигоҳдорӣ менамояд. Барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 муассиса 2400 метри кубӣ омехтаи қуму намак, 5000 литр сӯзишвории нафтӣ ва 15 метри кубӣ ҳезум захира намудааст.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






