«Паём — роҳнамои имрӯзу фардо»-ҷаласа дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо мақсади омӯзиш ва натиҷагирӣ аз нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандони Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» таҳти унвони «Паём – роҳнамои имрӯзу фардо» ҷаласаи васеъ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи илмӣ-методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов хабар дод.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода иброз намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат хамчун роҳнамо ва дастури амиқу дақиқ барои фаъолияти ҳар як шаҳрванди мамлакат баҳри ободонӣ, рушду пешрафт ва шукуфоии ҷумҳурии азизамон нақши муҳим мебозад.
Инчунин дар ҷаласа ходимони илмии осорхона андешаву бардоштҳои хешро аз Паём иброз дошта, зикр намуданд, ки баҳри амалӣ намудани бандҳои асосии Паёми Сарвари давлат тамоми саъю кӯшишро ба харҷ медиҳанд.
Дар ҷаласа аз ҷониби директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муовинони директор ва сардорони шуъбаҳо баҳри гузаронидани чорабиниҳо, ташвиқу тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба осорхона ва ба ин восита бедор намудани ҳисси баланди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар замири ҷавонон, инчунин дар самти таҳияи нақшаи чорабиниҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд






