Паёми Пешвои миллат-дастури судманд ҷиҳати таҳкими шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм

Декабрь 29, 2017 10:42

ДУШАНБЕ, 29.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон, махсусан сатҳи зиндагии кормандони маориф ва илм аз  сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои судманд дар роҳи паст кардани  сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии  мардуми  ҷумҳурӣ   маҳсуб  мешавад.

Президенти Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ  иброз доштанд, ки «дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз афзоиш ёфтааст. Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда- дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон мақоми 54-умро соҳиб гардидааст. Ҳамчунин аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои ИДМ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр  карданд, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ.  аз ҷумла, музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф ва илм 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Дар Паёми худ Пешвои миллат дар қатори дигар соҳаҳо таъмини пешрафти соҳаи илму маорифро ба миён гузоштанд ва аз ҳама муҳимтарин масъалае, ки дар Паём баён гардид, ин ҷиҳати инсонгароӣ, яъне рӯзгору саломатии инсон, рушди маданияту фарҳанги миллат ва илму маориф мебошад.

Ин иқдоми наҷибу самимонаи Пешвои миллат барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва  илм ва ба ин восита таҳким бахшидани дастовардҳои иқтисодии мамлакат баҳри фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоиди кору истироҳати кормандони маориф ва илм, ки аъзои иттифоқи касаба мебошанд, равона гардидааст.

Аз тарафи дигар, Паёми Пешвои миллат ҳамчун дастур ва неруи созанда Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор менамояд, ки  барои амалан иҷро намудани  нуктаҳои Паём дар соли 2018 корҳои зеринро роҳандозӣ намояд, аз ҷумла:

-назорат ва таъмини шаффофияти хароҷоти маблағҳои узвият, суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;

-назорати таъмини маҳсулоти босифати ғизоӣ дар  лагерҳои истироҳатию фароғатии кӯдакону наврасон дар мавсими тобистони соли 2018 ва ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ;

-ҳавасмандгардонии аъзои иттифоқи касаба ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ;

-баланд бардоштани масъулияти кормандони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама зинаҳои ташкилотҳои иттифоқи касаба;

-пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ  оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018- 2020»;

— таъсиси идрорпулиҳо ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён дар омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ, тадбирҳои иловагӣ андешидан дар масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ;

-ташкили барномаҳои маданӣ доир ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин дар тафаккури наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ;

-тадбирандешӣ намудан  ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазир, аз ҷумла, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии  иҷтимоӣ;

-арзёбии масъалаи шуғли аъзои иттифоқи касаба, ҷалби онҳо ба корҳои хонагӣ, косибӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин корҳои мавсимӣ ва хизматрасонӣ;

-пешгирии  зуҳуроти номатлуб, баланд бардоштани зиракии сиёсии аъзои иттифоқи касаба дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги халқ, саҳмгузорӣ намудан барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-саҳм гузоштан дар бунёди боғу гулгаштҳо, марказҳои истироҳату фароғат, майдону толорҳои варзишӣ ва дигар корҳои ободонӣ;

-тавассути озмун ба роҳ мондани интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, тоза кардани сафи ташкилотҳо аз шахсони тасодуфӣ, риояи қатъии Оинномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-тарғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва арзишҳои неки миллӣ, мазмун ва моҳияти соҳибистиқлоливу озодӣ дар тафаккур ва андешаи ҳар як аъзои иттифоқи касаба.

Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар асоси дастурҳои Паёми Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои узвияти аъзои иттифоқи касаба ва тақсимоту истифодаи мақсадноки онҳо дар самти корҳои маданӣ зарурати тақвият бахшидани корҳо дар самти ислоҳоти молиявӣ дар ташкилотҳои зертобеъро ба роҳ мемонад ва барои амалӣ намудани нуктаҳои  Паёми  Пешвои миллат амалан тадбир меандешад.

 

Рамазон ОДИНАЗОДА,
раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 29, 2017 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст гардид
Вобаста ба мавзуи ҳифзи сирри давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма машварати омӯзишӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид