«ШАҲРИ АФСОНАҲО». Имрӯз дар Сирки давлатии Тоҷикистон намоиши кӯдаконаи солинавӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ имрӯз, соати 13:00 дар Сирки давлатии Тоҷикистон намоиши кӯдаконаи солинавии «Шаҳри афсонаҳо» баргузор мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин намоиши солинавии кӯдакона барои хонандагони мактаб — интернатҳои пойтахт таҳия гардида, ба иштирокдорони он 1840 адад туҳфаҳои солинавӣ тақдим мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 31 декабр аз соати 20:00 то 22:00 дар майдони «Дӯстӣ» Шоу-барномаи солинавӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва», дар Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ», Боғи «Дӯстии халқҳо», хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Сирки давлатии Тоҷикистон, ки арчаҳои идона гузошта шудаанд, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи мамлакат баргузор мегарданд.









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд






