«ШАҲРИ АФСОНАҲО». Имрӯз дар Сирки давлатии Тоҷикистон намоиши кӯдаконаи солинавӣ баргузор мегардад

Декабрь 28, 2017 11:26

ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода  будем,   тибқи нақшаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ   имрӯз, соати 13:00 дар Сирки давлатии Тоҷикистон  намоиши кӯдаконаи солинавии «Шаҳри афсонаҳо»  баргузор мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин намоиши солинавии  кӯдакона барои хонандагони мактаб — интернатҳои  пойтахт  таҳия гардида,  ба иштирокдорони он  1840 адад  туҳфаҳои солинавӣ тақдим мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   31 декабр  аз соати  20:00 то 22:00  дар майдони «Дӯстӣ»   Шоу-барномаи солинавӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон дар ин рӯз  дар  чор ноҳияи  пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва»,   дар Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»,  Боғи «Дӯстии халқҳо»,  хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ва  Сирки давлатии Тоҷикистон, ки   арчаҳои идона гузошта шудаанд,  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки  ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи  мамлакат баргузор мегарданд.

Декабрь 28, 2017 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид