Шаби соли нав дар 5 макони баргузории барномаҳои солинавӣ ба муддати 4 дақиқа мушакпаронӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, 31 декабр аз соати 20:00 то 22:00 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт шоу-барномаи солинавӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва», Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ», хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Сирки давлатии Тоҷикистон, ки арчаҳои идона гузошта шудаанд, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи мамлакат баргузор мегарданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, баъди анҷоми барномаҳои фарҳангӣ дар 5 макони баргузории барномаҳои солинавӣ ба муддати 4 дақиқа мушакҳои ранга паронда мешаванд.
Бино ба иттилои муовини директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» Шарофиддин Талабов, арчаи имсолаи солинавӣ дар майдони «Дӯстӣ», ки дар баландии 25 метр қомат афрохтааст, бо муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ зебу зиннат дода шуда, дар он ситораи ҳафтбурҷ ва чароғакҳои светоидӣ насб гардидаанд. Ин арчаи идона аз арчаҳои солинавии солҳои пешин бо ҳашамату зебоӣ фарқ дошта, бори аввал аст, ки се ҳафта пеш аз фарорасии соли нави мелодӣ дар маркази пойтахт гузошта шудааст. Имсол дар муқоиса ба солҳои пеш ба ғайр аз майдони «Дӯстӣ», дар чор ноҳияи пойтахт низ арчаҳои идона фурӯзон гардида, дар ин макон низ барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳофизону ҳаҷвнигорони мамлакат баргузор мегарданд ва баъди анҷоми маъракаҳои идона мушакҳои ранга паронда мешаванд.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки бори аввал аст ҷойи баргузории чорабиниҳои фарҳангии пойтахт бахшида ба Соли нави мелодӣ бо истифода аз чароғакҳои светоидиву барқӣ ва хаёлоти рангини бадеӣ ороиш меёбад.













«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






