СОЛИ НАВИ БЕХАТАР. Ва ё чӣ бояд кард, то дар шаби Соли нав сӯхтор ба вуҷуд наояд
ДУШАНБЕ, 30.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соли нави мелодӣ фаро мерасад ва бо наздик шудани он мардумро бештар аз пештар эҳсоси шодиву нишот фаро мегирад. Онҳо бештар гирди арчаи солинавӣ, ки рамзи ҳамин ҷашнвора аст, ба ҳам меоянд. Мерақсанд, шӯхиву бозӣ мекунанд, ҳамдигарро бо фаро расидани боз як соли дигар табрику таҳният гуфта, беҳтарин орзуҳо мекунанд.
Аммо дар баробари шодиву нишот баъзан ҳодисаҳои нохуше рух медиҳанд, ки бештар аз риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии муносибат бо воситаҳои хушнудӣ рух медиҳанд. Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ зимни суҳбат бо мухбири АМИТ “Ховар” гуфт, ки риоя нашудани талаботи истифодаи таҷҳизоти оташбозӣ ва гулчароғҳо сабаби он мегардад, ки сӯхтор ба вуҷуд меояд ва аз он ҳам одамон зарар мебинанду ҳам ашёи атроф. Истифодаи ин гуна бозиҳо ва воситаҳои хушнудӣ ҳам қоидаҳои худро дорад, ки риоя кардани он муфид аст.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, нахуст шаҳрвандон бояд таҷҳизоти оташбозиро танҳо аз мағозаҳое харидорӣ кунанд, ки иҷозати расмии фурӯши ин гуна таҷҳизотро дошта бошанд. Танҳо намуду навъҳои босифати онро харидорӣ кунанд ва ҳангоми истифода қоидаҳои онро ҷиддан риоя намоянд. «Аз қабл макони оташбозиро муайян бояд кард, беҳтараш ин корро рӯзона ва дар равшанӣ бояд анҷом дод. Ҳангоми шамоли сахт беҳтараш аз баргузории ин гуна бозиҳо худдорӣ намоед. Дар майдоне, ки интихоб кардед, бояд дарахтон набошанд, хати интиқоли барқ аз он убур накунад ва ҳаргиз кӯшиш накунед, ки бе хондану донистан аз ин гуна таҷҳизот истифода намоед. Ҳангоми даргиронидани он манъ аст, ки онро рӯйи дастонатон дошта, саратонро болои он хам кунед»,-мегӯяд Умеда Юсуфӣ.
Набояд фаромӯш кард, ки ҳангоми истифода аз техникаи оташбозӣ чӣ корҳо манъанд, аз ҷумла: истифодаи он барои афроди то 18-сола иҷозат нест, сигоркашӣ дар назди ин гуна таҷҳизот манъ аст, онро ба замин ҳаво додан ва ё бо пой ё чизи дигар кӯфтан, ба оташ партофтани он, истифодаи ин таҷҳизот даруни хона ё иншоот, дар ҳоли хомӯш шудани пилта дубора даргирондани он, наздик шудан ба таҷҳизоти истифодашуда то 10 дақиқа баъди истифодаи он қатъиян манъ карда шудааст.
Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ низ дар маросими иди арча фаъолияти хешро боз ҳам пурзӯр намуда, баҳри таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар иншооту муассисаҳо ва ҷойҳои ҷамъшавии одамон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Тавре аз Хадамоти мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои он ки дар чунин рӯзҳои хурсандӣ ҳодисаҳои нохуш рух надиҳанд, бояд ҳар як фарди ҷумҳурӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намояд. Арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад. Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад. Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст. Дар толори арча дар ҷои махсус бояд аз се то панҷ адад оташхомӯшкунакҳои коршоям ва кампали патдор нигоҳ дошта шавад. Агар оташхомӯшкунак набошад, метавон дар ҳаҷми аз 50 то 100 литр об нигоҳ дошт.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми рух додани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба телефони «01» (аз телефонҳои мобилӣ «101») ба Хадамоти оташнишонӣ хабар додан зарур аст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»








Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва ССКА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад






