СОЛИ НАВИ БЕХАТАР. Ва ё чӣ бояд кард, то дар шаби Соли нав сӯхтор ба вуҷуд наояд

Декабрь 30, 2017 10:13

ДУШАНБЕ, 30.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соли нави мелодӣ фаро мерасад ва бо наздик шудани он мардумро бештар аз пештар эҳсоси шодиву нишот фаро мегирад. Онҳо бештар гирди арчаи солинавӣ, ки рамзи ҳамин ҷашнвора аст, ба ҳам меоянд. Мерақсанд, шӯхиву бозӣ мекунанд, ҳамдигарро бо фаро расидани боз як соли дигар табрику таҳният гуфта, беҳтарин орзуҳо мекунанд.

Аммо дар баробари шодиву нишот баъзан ҳодисаҳои нохуше рух медиҳанд, ки бештар аз риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии муносибат бо воситаҳои хушнудӣ рух медиҳанд. Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ зимни суҳбат бо мухбири АМИТ “Ховар” гуфт, ки риоя нашудани талаботи истифодаи таҷҳизоти оташбозӣ ва гулчароғҳо сабаби он мегардад, ки сӯхтор ба вуҷуд меояд ва аз он ҳам одамон зарар мебинанду ҳам ашёи атроф. Истифодаи ин гуна бозиҳо ва воситаҳои хушнудӣ ҳам қоидаҳои худро дорад, ки риоя кардани он муфид аст.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, нахуст шаҳрвандон бояд таҷҳизоти оташбозиро танҳо аз мағозаҳое харидорӣ кунанд, ки иҷозати расмии фурӯши ин гуна таҷҳизотро дошта бошанд. Танҳо намуду навъҳои  босифати онро харидорӣ кунанд ва ҳангоми истифода қоидаҳои онро ҷиддан риоя намоянд. «Аз қабл макони оташбозиро муайян бояд кард, беҳтараш ин корро рӯзона ва дар равшанӣ бояд анҷом дод. Ҳангоми шамоли сахт беҳтараш аз баргузории ин гуна бозиҳо худдорӣ намоед. Дар майдоне, ки интихоб кардед, бояд дарахтон набошанд, хати интиқоли барқ аз он убур накунад ва ҳаргиз кӯшиш накунед, ки бе хондану донистан аз ин гуна таҷҳизот истифода намоед. Ҳангоми даргиронидани он манъ аст, ки онро рӯйи дастонатон дошта, саратонро болои он хам кунед»,-мегӯяд Умеда Юсуфӣ.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳангоми истифода аз техникаи оташбозӣ чӣ корҳо манъанд, аз ҷумла: истифодаи он барои афроди то 18-сола иҷозат нест, сигоркашӣ дар назди ин гуна таҷҳизот манъ аст, онро ба замин ҳаво додан ва ё бо пой ё чизи дигар кӯфтан, ба оташ партофтани он, истифодаи ин таҷҳизот даруни хона ё иншоот, дар ҳоли хомӯш шудани пилта дубора даргирондани он, наздик шудан ба таҷҳизоти истифодашуда то 10 дақиқа баъди истифодаи он қатъиян манъ карда шудааст.

Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ низ дар маросими иди арча фаъолияти хешро боз ҳам пурзӯр намуда, баҳри таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар иншооту муассисаҳо ва ҷойҳои ҷамъшавии одамон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Тавре аз Хадамоти мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои он ки дар чунин рӯзҳои хурсандӣ ҳодисаҳои нохуш рух надиҳанд, бояд ҳар як фарди ҷумҳурӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намояд. Арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад. Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад. Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст. Дар толори арча дар ҷои махсус бояд аз се то панҷ адад оташхомӯшкунакҳои коршоям ва кампали патдор нигоҳ дошта шавад. Агар оташхомӯшкунак набошад, метавон дар ҳаҷми аз 50 то 100 литр об нигоҳ дошт.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми рух додани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба телефони «01» (аз телефонҳои мобилӣ «101») ба Хадамоти оташнишонӣ хабар додан зарур аст.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 30, 2017 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

БОРЖОМИ. Ин шаҳри курортӣ ва дорои чашмаи шифобахш дар Гурҷистон аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод офатҳои табиӣ бартараф карда мешаванд
Дар шаҳри Конибодом ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
«БАРОИ СУЛҲ ВА ДӮСТӢ». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ оғоз гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Бахшида ба он дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияи Тоҷикистон фестивалҳои футбол доир мешаванд
Имрӯз бори нахуст Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияиҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони бошиддат дар назар аст
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Рӯзи ҷавонон бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 2500 нафар роҳпаймоӣ доир гардид
Дар Душанбе нишасти матбуотии Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид
СИГНАХИ. Шаҳри муҳаббат ва маконе дар Гурҷистон, ки дар он ҳамеша сулҳ пойдор будааст