Суди конститутсионӣ: “Сархати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ гардонида шавад”

Декабрь 8, 2017 16:37

ДУШАНБЕ, 08.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳ­­ти раи­сии раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳ­мудзода оид ба дар­­хости шаҳр­вандон З. Хурамов ва Ҷ. Ҳасанов дар хусуси муайян намудани мутобиқати сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва дав­латӣ» ва сар­хати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷти­моӣ ва на­фақаи назди Ҳу­ку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2017, №6 ба моддаи 39 Консти­тут­сияи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон мурофиаи судӣ доир гардид.

Дар мурофиаи судӣ намояндагони ваколатдори Прези­денти Ҷумҳу­рии Тоҷи­кистон, Маҷ­лиси намоян­да­гон дар Суди конс­титутсионӣ, инчунин намояндагони Прокуратураи ге­нералии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон, вазоратҳои адлия ва меҳнат, муҳоҷират ва шуғ­ли аҳо­лии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафақаи наз­ди Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кор­хонаи воҳи­ди дав­латии «Ро­­ҳи оҳани Тоҷикистон» иштирок намуда, сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки амалишавии ҳуқуқи конститутсионии шахс ба нафақа аз ҳадафҳои муҳими давлати иҷтимоӣ дар самти таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар шахс ба шумор рафта, бо кафо­лати дахлдори дав­латии дар қонун­гузорӣ инъикосёфта татбиқи воқеии худро пайдо мекунад.

Бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати пешгирифтаи соҳаи иҷтимоӣ ва таъмини шаҳрвандон бо нафақа, давлату Ҳукумат давра ба давра исло­ҳоти соҳаи нафақаро роҳандозӣ намуда, тавассути қабулу такмили санадҳои меъё­рии ҳуқуқӣ, низоми таъминоти нафақаро ба   шароити муосир мувофиқ мегардонад.

Бо назардошти ин, Суди конститутсионӣ дар меъёрҳои сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» меъёрҳои манъкунанда ё маҳдуд­кунандаи кафолати таъми­­ноти иҷтимоии дархосткунандагонро муай­ян накард ва онро­ ба моддаи 39 Кон­ститут­сияи Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кис­тон мувофиқ арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин Суди конститутсионӣ зарур шуморид, ки сархати якуми фар­моиши Агентии суғуртаи иҷти­моӣ ва нафа­қаи назди Ҳукумати Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи гузариши пур­ра ба низоми нави таъми­ноти нафа­қаи шаҳрван­дон ва тартиби таъйини нафа­қаҳо аз 1 январи соли 2017» бинобар ба тала­боти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи са­над­ҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мувофиқ набуданаш ба та­лаботи қонунгузорӣ мувофиқ гардонида шавад.

 

 

 

Декабрь 8, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад