Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд

Июнь 25, 2025 10:52

ДУШАНБЕ, 25.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала «Оид ба нақши Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, раванди Душанбе-2025 дар ташаккули баҳамоии давлатҳо ва тақвияти ҳамкории глобалӣ дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо» баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар ҳамоиш иброз карда шуд, ки дар шароити зудтағйирёбандаи замони муосир ҷомеаи ҷаҳонӣ дучори таҳдиду низоъҳои дорои характери гуногун ва мушкилоти зиёд гардидааст, ки яке аз онҳо падидаи номатлуби тағйирёбии глобалии иқлим ва таъсири манфии он ба захираҳои табиӣ мебошад.

Таъкид шуд, ки вазъи имрӯза нишон медиҳад, ки таъсири тағйирёбии иқлим дар сайёраи Замин раванди ташаккулу пешрафти кишварҳои ҷаҳонро ба мушкилоти моҳиятан ҳам ҷиддию воқеӣ рӯ ба рӯ намудааст. Тайи чанд соли охир хатарҳои экологӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, ифлосшавии ҳавои атмосфера, тамоюли афзуншавии партовҳо, аз меъёр зиёд ихроҷ намудани аэрозолҳо, деградатсияшавӣ ва коҳишёбии пиряхҳо, мушкилоти рӯзафзуни демографӣ, норасоии оби нӯшокӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб хусусияти глобалӣ касб намуда, таъсири манфии онҳо дар ҳамаи кишварҳои сайёра ба назар мерасад. Ҳарчанд як қатор давлатҳои рӯ ба инкишоф, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ифлос кардани ҳавои атмосфера ва аз меъёр зиёд хориҷ намудани газҳои гулхонаӣ ҳиссаи ночиз доранд, вале таъсири манфии хатарҳои глобалии экологӣ дар ҳудуди онҳо баръало эҳсос мегардад.

Баён гардид, ки мақоми олии қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламенти мамлакат дар самти таҳия ва қабули қонунҳои соҳавии марбут ба ҳифзи муҳити зист, экология, истифодаи самараноки захираҳои об ва дигар сарватҳои табиӣ вобаста ба амалӣ намудани сиёсати мамлакат пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда истодааст. Айни замон, аз ҷониби мақоми олии қонунгузории ҷумҳурӣ бештар аз 30 кодексу қонунҳои соҳаҳои мазкур таҳия ва қабул гардидаанд, ки муносибатҳои ҳуқуқию ҷамъиятиро дар ин самт танзим менамоянд.

Ҳамзамон дар ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзалӣ Идизода оид ба масъалаҳои муҳимми рӯз, истиқболи сазовори ҷашни Ваҳдати миллӣ, ҳифзи муҳити зист, обу иқлим ва иҷрои босамари дастуру супоришҳои Раиси ҳизб — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ба ҳар сокини мамлакат ба ҳозирин дастуру маслиҳатҳои судманд пешкаш намуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 25, 2025 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон дар масъалаи идоракунии интернет, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ вохӯрӣ доир гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса «Фаронса — Осиёи Марказӣ» вохӯрӣ намуд
Доир ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумонии Олмон—Осиёи Марказӣ мулоқот баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи маҷозии Муколамаи занон – роҳбарони Осиёи Марказӣ доир шуд
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии СААД дар шаҳри Москва иштирок намуд