ТОҶИКИСТОН БА ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ РОҲ ЁФТ!
ДУШАНБЕ, 05.12.2017./АМИТ “Ховар”/. Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 4 декабр Тоҷикистонро ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё – мӯътабартарин мусобиқаи байни дастаҳои ин қора роҳ дод. Қаҳрамони соли ояндаи футболи Тоҷикистон метавонад аллакай дар мусобиқаҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё -2019 ширкат кунад. Ин хушхабарро корманди масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон Нуралӣ Хоркашев дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кардааст.
Бино ба навиштаи Нуралӣ Хоркашев, ин қарори Конфедератсияи футболи Осиё 4 декабр дар як семинари ин ниҳоди варзишӣ дар шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия эълон шудааст. Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон бо шарофати ҳунарнамоии хуби дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ба шарафи иштирок дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё даст ёфтааст. «Истиқлол» ду соли охир ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми КФО роҳ ёфта буд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






