Ваҳдат: вакилон ва иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Паёми Пешвои миллатро ба сокинон шарҳ доданд

Декабрь 28, 2017 12:00

ВАҲДАТ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кохи «Маърифат»-и шаҳри Ваҳдат  бо собиқадорон, вакилон ва иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид.

Дар ҷамъомад муовини Раиси ҲХДТ Раъно Маҳмудзода ва иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Мусоева, Гулафзо Савриддинова ва Муродалӣ Маҳмадалиев иштирок намуда, таассуроташонро аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуданд. Зикр гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба рушди ин соҳа ва афзудани сафи ҳунармандони мардумӣ таъсири назаррас мерасонад.

Инчунин собиқадорони меҳнат, вакилон ва иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро ҳидоят намуданд, ки ба қадри ободӣ, шукуфоӣ, пешрафти ояндаи Тоҷикистон, ки дар Паёми Пешвои миллат ба он ишораҳо шудааст, расанд ва Ватанро самимона дӯст доранд. Онҳо пешниҳод намуданд, ки ҷавонони мо дар ободии давлати хеш ва ояндаи пурнишоти он саҳмгузор бошанд, оромиву суботи ҷомеаро ҳифз намуда, обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

 

 

Декабрь 28, 2017 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд