Вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»-ро баррасӣ карданд

Декабрь 18, 2017 14:51

ДУШАНБЕ, 18.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато СУЛТОНОВ хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, аъзои Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади танзими асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти ассотсиатсияҳои истифобарандагони об, ҳамчунин танзими муносибатҳои байни аъзои ассотсиатсияҳо, муносибатҳо бо ташкилотҳои давлатии хоҷагии об ва дигар ташкилотҳо бо мақсади таъмини нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи низомҳои дохилихоҷагии обёрӣ, ки таҳти истифодаи муштарак ва инфиродӣ қарор доранд, истифодаи оқилонаи об, адолатнок ва сари вақт расонидан ва тақсим намудани об байни аъзои ассотсиатсия ва дигар истифодабарандагони об пешниҳод гардидааст.

Бояд зикр кард, ки аз соли 1996 инҷониб дар ҷумҳурӣ раванди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ татбиқ шуда, ҳоло дар ҷумҳурӣ 409 адад ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба қайд гирифта шуда, онҳо ба 405,72 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда хизмат мерасонанд. Дар баробари ин, дар фаъолияти ассотсиатсияҳо камбудиҳо, аз ҷумла, нарасидани мутахассисон, идораи ғайрисамараноки иншооти дар ихтиёри онҳо қарордошта, набудани техникаву механизмҳои зарурӣ барои истифодаи самараноки иншооти хоҷагии об, дар сатҳи паст қарор доштани ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ ва маблағҳои узвият, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳо, истифодаи ғайрисамараноки обу замин, сари вақт напардохтани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, мушкилот оид ба мувозинати ассотсиатсияҳо, гузаронидани иншооти обёрии дохилихоҷагӣ ва нигоҳдории онҳо, ташаккули буҷети ассотсиатсияҳо, тибқи талаботи дахлдор таҳия нагаштани нақшаи истифодаи об ва ҳисоби он ҷой доранд. Бо ин сабабҳо низоми идораи об дар сатҳи дохили хоҷагиҳо ҳанӯз ҳам ба қадри зарурӣ рушд наёфтааст.

Бинобар ин, бо назардошти мушкилоти мазкур, таҳлили қонунгузории дигар давлатҳои аъзои ИДМ, ки чунин шакли хоҷагидориро истифода доранд, ҳамчунин бо мақсади муайян ва бартараф кардани мухолифат ва номуайянӣ нисбат ба қонунҳои дигари танзимкунандаи фаъолият дар бахши мазкур, Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» бо иштироки мутахасссисони соҳа, намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба баррасӣ гардида, лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири нав таҳия карда шуд.

Аъзои Шӯро ҳамчунин «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум» қарори дахлдор қабул намуданд.

Декабрь 18, 2017 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид