ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БА ҲУВИЯТИ ТОҶИКӢ БЕГОНА НЕСТ! Чанд андеша дар ҳошияи матлаби иғвоангезонаи Д. Раҷабиён «Забони миллии тоҷикон порсӣ аст!»
ДУШАНБЕ, 19.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Навиштаи Дориюши Раҷабиёнро бо номи «Забони миллии тоҷикон порсӣ аст!», ки дар ҷавоб ба матлаби муфассали Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» (Ниг. ба www.khovar.tj, 14 декабри с. 2017) ироа гардидааст, мутолиа кардаму ҳолати дилсардӣ як дараҷа озорам дод. Дилсардӣ ба ин маънӣ, ки ҳамватани мо Дориюши Раҷабиён, ки дар қалби Урупо умр ба сар мебарад, баҳсро ҳассосияти сиёсӣ мебахшад ва бар мабнои таассуботи забонӣ мавзўъро матраҳ намуда, то ба ҳадди ифроту тафрит мекашад. Дар матолиби мутааддиди Дориюш, ки солҳо боз мабоҳиси ҷолиби фейсбукиро доман мезананд, ҳассосият маҳз дар қиболи истилоҳи «порсӣ ё форсӣ» тамаркуз мекунад. Маълум аст, ки ҳар муҳаққиқе, агар аз рўйи ихлосу самимият ба матлабе алоқамандӣ зоҳир намояд, бегумон, мадорики мавриди назарашро бар пояи истидлолоти ихлосӣ ё ба истилоҳи динӣ-мазҳабӣ, «имонӣ» таҳқиқ карда,ҳадафи калидиро дунбол месозад.Ин аст, ки матлаби ахири ӯ ба манфиати ҷомеаи тоҷикӣ ва давлати миллӣ буда наметавонад.
Аввал ин ки Фарҳод Раҳимӣ дар матлаби хеш порсиситезӣ накардааст. Дувум, воқеияти имрўза талаботи дигарро пешорўйи мо мегузорад ва ин муқтазиёт иборатанд аз: шинохти дақиқи воқеиёт, шароити ҷуғрофиёӣ, муҳитзистӣ, эҳтимолияти даргирӣ бо таҳдидҳои глобалӣ, ҳифзи забон ва ҳувияти тоҷикӣ, саъю талош дар заминаи иттиҳод ва ҳамбастагии миллӣ, тавлид ва бозтавлиди тафаккури ҷадиди сиёсӣ ва давлатӣ, эҳёи суннатҳои аҷдодӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва фаромиллӣ, нуфуз ва ҳузури ҷомеаи маданӣ ва фаъолони иҷтимоӣ дар умури сиёсию давлатӣ ва амсоли инҳо. Татбиқи барнома ва тарҳ-пружаҳои давлатӣ, ки ба самти забону фарҳанги миллӣ иртиботи бевосита доранд, қабл аз ҳама, ба тавонмандии сиёсӣ ва давлатӣ бастагӣ доранд. Тавонмандии забонӣ ва фарҳангӣ минбаъд боиси иқтидори сиёсӣ ва давлатӣ мегардад ва давлати миллиро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ месозад. Ин аст, ки шароити муосири геосиёсӣ танҳо аз Кремлин, ки Дориюши Раҷабиён аз он ҳассосият дорад, вобаста нест.
Зимнан, маълум бод, ки ҷараёни муосири бозиҳои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иқтидор ва потенсиали худкифои сиёсӣ ва фарҳангиро тақозо мекунанд. Аз ин рӯ, матолиби дарҷкардаи Фарҳод Раҳимӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ, хилофи воқеият набуда, айни воқеияти имрўзаи минтақа мебошад, зеро омили аслӣ ва меҳварии ҳувиятсоз барои тоҷикон дар шароити феълӣ маҳз забонашон, ки тоҷикӣ унвон гирифтааст, мебошад.
Албатта, воқеияти таърихӣ, ки забонҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикиро аз як реша медонад, ҳаргиз таҳриф намешавад. Аз замоне ки мардуми форсизабон ба кишварҳои мустақил ҷудо шуданд, наздики як аср сипарӣ мешавад. Ҳар кадоми ин кишварҳо сиёсати давлатиро дар самти забону фарҳанг дунбол мекунанд, ки ин на танҳо воқеиятро таҳриф намекунад, балки баёни воқеияти замонию маконӣ талаққӣ мешавад. Дар ин муддат, чи хеле ки болотар ишора рафт, бо назардошти ҷуғрофиё ва фазои табиию маданӣ дар таркиби луғавӣ ва сохтори грамматикии забонҳои форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ тағйирот ба вуҷуд омад. Ин тағйирот дар ҷиҳати овоӣ ва талаффузӣ равшан инъикос ёфтааст. Маҳз ҳамин нукот ҷаноби Раҳимиро ба ин натиҷа расонидааст, ки тоҷикон аз ҳаққи комили унвонгузории «тоҷикӣ» ба забони давлатӣ бархўрдоранд. Магар дар ин таъкид ҷурме ниҳон аст? Айб аст дар ин замону шароит сари ин гуна матолиби баҳсбарангезу тафриқаандоз таваққуф кард.
Муқаррар таъкид мекунем, ки низоми Шўравӣ дигар вуҷуд надорад ва барои Раҷабиён барин ашхоси хурдагир ҷойи ташвишу гила намонда, вале ҳассосият кори худро мекунад ва хурӯҷи дарди таассуб дар тафаккур таъсир мерасонад ва нависандаро ба сўйи инҳирофот вомекашонад. Дар атрофи номи забони порсӣ пофишорӣ кардани ӯ ва аз ҳама муҳим, ангезаи сиёсӣ додан ба масъала боиси суйитафоҳумот мегардад.
Дуруст аст, ки забонҳои форсӣ дар Эрон, дарӣ дар Афғонистон ва тоҷикӣ дар Тоҷикистон аз як реша бархўрдоранд. Аммо фазо ва муҳити ҷуғрофиёӣ, ки дар сиришту табиати инсон ва ҷомеаҳо ногузир таъсир мерасонад, имкон фароҳам овардааст, ки шохаҳои як забон ба ҷуғрофиё ва муҳити зист мутобиқ шаванд ва ҷараёни мутобиқшавӣ ё ба истилоҳ, адаптатсияи забонӣ муътадил сурат бигирад. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки вазъият ва ҳолати муҳитзистӣ ва ҷуғрофиёӣ дар ҳолу ҳаво, нармишу сабзиши забон ва муошират нақши муҳим дорад. Дар асрҳои миёна истилоҳи «дарӣ» баёнгар ва муаррификунандаи миллияти тоҷикӣ буд(имрўз ҳам дар Афғонистон дарӣ ба унвони забони миллӣ ва нишонаи ҳувияти тоҷикӣ шинохта мешавад). Мисолҳое, ки Дориюш дар матлаб аз бузургони илму адаби форсу тоҷик зикр кардааст, ҳаргиз маънои онро надорад, ки «порсӣ» истилоҳи мутлақ мебошад. Бузургоне мисли Унсурӣ, Носири Хусрав, Ҳаким Низомӣ ва ҳатто аллома Иқболи Лоҳурӣ забони дариро ба унвони забони миллӣ шинохтаанд. Носири Хусрав фармудааст:
Ман онам, ки бар пойи хукон нарезам,
Мар ин неъмати дури лафзи дариро.
Унсурӣ:
Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагўяд парӣ ҷуз ба ҳарфи дарӣ.
Низомӣ:
Низомӣ, ки назми дарӣ кори ўст,
Дарӣ назм кардан сазовори ўст.
Иқбол:
Гарчи ҳиндӣ дар узубат шакар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.
Навиштаҳои адибону шуарои бузурги гузаштаро ба хотири он ки дарӣ (на порсӣ ё форсӣ) гуфтаанд, ҳазф кунем? Ё онҳо ҳам намедонистанд? Магар қаҳрамонҳои миллати тоҷик Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, адибони бузурги миллат Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва дигарон, ки ҳамагӣ бузургии забони тоҷикиро васф намуда, дар ин замина осори гаронбаҳои бадеӣ, адабӣ, илмӣ ба мерос гузоштаанд, аз Дориюши Раҷабиён камтар донишу фаҳмиш доштанд? Садриддин Айнӣ бо ҷонбозию қаҳрамонӣ дар замонаш бузургии адабиёту забони тоҷикиро исбот карда, барои бунёди Тоҷикистон ба сифати ҷумҳурии алоҳида дар ҳайати собиқ ИҶШС хизмати нотакроре кардааст. Аммо Д. Раҷабиён ва баъзе ашхоси монанд ба ў бо паҳн сохтани ҳар гуна афкори муғризона ва иғвобарангезона мардумро ба иштибоҳ андохтанӣ мешаванд. Бовар кунед, дар ягон кишвари ҷаҳон донишмандону адибонаш чунин намекунанд, яъне мавҷудияти забони модарию давлатии худро инкор наменамоянд.
Масъала ин нест, ки дар шинохти асолати забонӣ танҳо аз истилоҳи «форсӣ» мадад ҷўем. Ба назари мо, масъала ин аст, ки дар замон ва шароити нави сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва фикрӣ (манзур ибтидои садаи бист аст) ниёз ба давлати миллие бо исми Тоҷикистон пеш омад ва дар раванди давлатсозӣ ва тоҷикшиносӣ аз забони тоҷикӣ ба унвони забони миллӣ корбаст шуд. Ва ин чӣ ҷойи бадӣ дорад? Зиёда аз ин, дар харитаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳ касб намуд ва онро ҳамчун давлати миллӣ ва мустақил мешиносанд ва эътироф менамоянд. Батакрор тазаккур бояд дод, ки талабот ва муқтазиёти ҷуғрофиёӣ, замонӣ, маконӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва билохира миллӣ водор мекунад, ки дар самти ҳифзи забони миллӣ дар раддаҳои баланди сиёсӣ ва маданӣ тасмимоти ҷиддӣ гирифта шавад. Бар илова, агар забони тоҷикӣ гўем, аз чӣ кам мешавем ва ё чиро бой медиҳем? Фикр мекунем, ҳеҷ чизро бой намедиҳем ва намебозем, балки бурд мекунем. Бурди мо ин аст, ки забони миллӣ ба исми тоҷикӣ, давлати миллӣ бо номи Тоҷикистон ва ҳувияти миллӣ ба унвони ҳувияти тоҷикӣ дорем. Афзун бар ин, аз тоҷик будан на танҳо намеҳаросем, балки ифтихор мекунем ва ҷойи ифтихор ҳам ҳаст. Ба сухани сареҳтар, забони тоҷикӣ ҳаргиз ба ҳувияти тоҷикӣ бегона нест ва онро бегона донистан ва муҳимтар аз ин, «бегона сохтан» маънои ҳадафҳои стратегии душманони миллиро пиёда карданро дорад. Ва, ниҳоят, дар шароити феълӣ аз таассуби забонӣ ва умуман, ҳар навъ таассуб бояд канор бигирем ва дар роҳи иттиҳод ва тафоҳуми миллию мардумӣ гомҳои устувор бардорем.
Фаридун ОРИЁӢ