КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад

Ноябрь 6, 2025 09:45

Конститутсия дар назди ҷомеа вазифаҳои муҳимтаринеро гузошт, ки ташкили ҳокимияти давлатии муосир, низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳама давру замон бо мақсади ба як низоми муайян даровардани ҷомеа ва танзими муносибатҳои ҷамъиятию сиёсӣ санади роҳнамое мавҷудият дорад, ки дар асоси он ҳуқуқу озодиҳо, рушду инкишофи давлат ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ танзим мегарданд. Дар воқеъ, санади роҳнамо ин  Конститутсия мебошад. Тамоми қонунҳои конститутсионию соҳавӣ аз он сарчашма гирифта, сипас интишор ва мавриди амал қарор дода мешаванд. Чунин принсипи ҳуқуқэҷодкунӣ нишонаи гузоштани асосҳои аркони давлатдорӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ,  иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс ба ҳисоб меравад. Чунин изҳор намудааст дар мақолааш ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагидории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Исмоил Абдуалимзода.  

Дар низоми ҳуқуқии ҷомеаи демократӣ Конститутсияро ҳамчун қонуни асосӣ ва санади муҳимтарину бунёдӣ арзёбӣ менамоянд, ки тартиби сохтори ҳокимият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин принсипҳои идораи давлат аз меъёрҳои амалкунандаи он вобастагии амиқ доранд. Бинобар ин, дар ин нигошта ба ҷанбаҳои таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намудан зарур аст. Зеро ояндаи рушду инкишофи давлат, ки ба ҳифз ва таҳкими манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он алоқамандӣ дорад, маҳз бо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Конститутсия ба воқеияти онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад.

Мавриди таъкид аст, ки  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст, таҷассуми орзую умеди мардум ба сӯйи давлатдории миллӣ, истиқлолият ва адолати иҷтимоӣ мебошад.

Моҳияти ин санади олии ҳуқуқӣ дар он зоҳир мегардад, ки тамоми қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ бояд ба он мутобиқат карда шаванд, зеро Конститутсия пояи низоми ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба шумор меравад. Дар он шакли идораи давлат, низоми ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инчунин, муносибатҳои байни онҳо муайян карда шудааст.

Аҳамияти Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он дар раванди идораи давлатӣ ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати ҳуҷҷати ҳуқуқӣ баромад мекунад. Илова бар ин, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, масъулияти давлат дар назди ҷомеа ва қонунияту адолатро таъмин мекунад. Дар ин радиф, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва кафили рушди давлатдории тоҷикон аст». Ҳақиқатан, назарияи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар он ифода мегардад, ки Конститутсия ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ муносибатҳои ҷамъиятию сиёсиро дар масири таърихи башарият борҳо собит намуда буд. Ин Конститутсия таърихи бузурги давлатдории миллии тоҷиконро паси сар намудааст.Агар ба таърихи конститутсия назар афканем, он марҳилаи  гуногуни таърихиро дар бар гирифта, ба талаботи ҳуқуқии ҷаҳони муосир мутобиқ гардонда шудааст.

Ҳамин тариқ, Конститутсия дар замони Истиқлоли давлатӣ хусусият ва арзишҳои таърихии худро дар таҳкими идораи давлатӣ, ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ, ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ, волоияти қонун,  тартиботи ҳуқуқӣ, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёриро собит намуда, бо дарназардошти принсипҳои худ кишвари соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст. Аз ин дидгоҳ, метавон гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи арзишҳои умумибашарӣ ва таҷрибаи давлатдории миллӣ асос ёфтаааст.

Як нуктаи муҳимро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Аввалан, ғояҳои башардӯстонаи Конститутсия инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз фарҳанги ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории халқамон ва мероси бузургони таъриху фарҳанги миллатамон сарчашма мегиранд.

Дуюм, ин санади олии ҳуқуқӣ Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона эълон намуд”.

Яке аз принсипҳои асосии Конститутсия, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ мебошад, ки принсипи мазкур арзиши волотарини умумибашарӣ маҳсуб меёбад, ки дар он ҳокимияти халқ, волоияти қонун, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта нақши меҳварӣ доранд. Дигар принсипи Конститутсия дар он ифода меёбад, ки он дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии ҷомеа ҷойгоҳи муайянро соҳиб аст. Дар ин замина, Конститусия ба сифати  санади ягонаи ҳуқуқӣ ба рушди устувори ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлат баромад мекунад ва кафолати адолати иҷтимоӣ, мустақилияти миллӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти миллиро таъмин менамояд.

Дар маҷмуъ хулоса бояд кард, ки  Конститутсия на танҳо як ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдат, пойдории давлат ва иттиҳоди миллат аст. Риоя ва эҳтироми он вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.

Бо шинохти арзишҳои Конститутсия ва амал намудан ба меъёрҳои он, ҳар як шаҳрванд доир ба таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувори ҷомеа саҳми бевоситаи худро мегузорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 6, 2025 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-пояи устувори мафкураи сиёсӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ
Дар Шаҳринав бо сокинон ва соҳибкорон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАССОМОН. Ин ҳунар дар Тоҷикистон беш аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст
Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»
Доир ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум конференсия баргузор шуд
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар Файзобод конференсияи илмӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд