ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД… Полковник Хайриддин Аҳтамов дар зодгоҳаш ҷамоати деҳоти «Ватан» ба хок супорида шуд

Декабрь 5, 2017 11:10

ДУШАНБЕ, 05.12.2017./АМИТ «Ховар»/.  Гузаштагони мо талқин намудаанд, ки дар муҳофизати Ватан бо номи нек мурдан аз он зиндагоние, ки душман бар ту зафар ёфта, шодмонӣ намояд, ҳазорон маротиба беҳтар аст. Фарзанди фарзонаи миллат, афсари шуҷоъ, сардори отряди сарҳадии «Шӯрообод» Хайриддин Аҳтамов бо корнамоии худ собит намуд, ки дар роҳи ҳимояи Ватан мурдан – зистан аст.  Ӯ ҳамеша дар ёду қалбҳои мардуми мо зиндаву ҷовид хоҳад буд. Чунин зикр намуданд дӯстону ҳамхизматон дар маросими дафни ин марди шуҷоъ ва некном, ки  3-юми декабр дар зодгоҳаш- деҳаи Лолазор, ҷамоати деҳоти «Ватан»-и ноҳияи Фархор баргузор шуд.

Тавре қаблан хабар дода будем, полковники Қӯшунҳои сарҳадии  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайриддин Аҳтамов 2 декабри соли 2017, соати 19:10 дақиқа, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шӯрообод» (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) ҳангоми пешгирии убури мусаллаҳонаи ғайриқонунии қочоқбарони афғон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расид.

Хотиррасон менамоем, ки Хайриддин Аҳтамови 42-сола баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи олии сарҳадии шаҳри Рязани Россия  дохил шуда, онро соли 1997 хатм намудааст.   Ӯ аз соли 1997 корро дар мақомоти интизомӣ шурӯъ намуда, то сардори қисми низомӣ расида буд.

Декабрь 5, 2017 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд