Зиёда аз 400 ҳазор килограмм маҳсулоти пастсифату шубҳанок аз муомилот бардошта шуд
ДУШАНБЕ, 21.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар самти назорати давлатии санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва инчунин назорат дар таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти санитарию эпидемиологӣ ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мунтазам санҷишҳо гузаронида мешаванд. Ин матлабро дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муовини сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти санитарию эпидемиологӣ Ҷӯрахон Бобохонзода иброз дошт.
Ба зикри ҳамсуҳбат, мутахассисони Хадамот ҳангоми санҷишҳо дар баъзе ҳолатҳо тибқи тартиби муқарраршуда, бо истифода аз асбоби озмоишгоҳӣ низ санҷишҳо мегузаронанд. Ҳангоми санҷишҳо давоми 11 моҳи соли равон 384 ҳазору 61 килограмм маҳсулоти хӯрокии пастсифату шубҳанок муайян карда шуданд.
Инчунин зикр гардид, ки аз тарафи мутахассисони Хадамот ҳангоми аз 1 то 20 декабр гузаронидани санҷишҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 400 ҳазор килограмм маҳсулоти пастсифату шубҳанок аз муомилот бардошта шуданд. Ҳамзамон нисбат ба шахсоне, ки барои ба муомилот баровардани чунин хӯроквории пастсифат ва ба ҳаёту саломатии инсонҳо зарарнок даст задаанд, тадбирҳои мушаххас дар намуди ҷарима ва ҷазои маъмурӣ муқаррар шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба онҳо татбиқ карда мешаванд.
Ҳамчунин ҳамсуҳбат зикр намуд, ки давоми соли равон шахсоне, ки дар таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ба қоидавайронкунӣ роҳ додаанд, ба маблағи 1 миллиону 346 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд ва ин маблағ ба буҷаи давлат ворид карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки чанде қабл аз истеъмоли ғизои олуда аъзои як хонавода дар ноҳияи Восеъ заҳролуд шуда, дар натиҷаи ин як нафар аз ин оила фавтида буд.
Оид ба ин масъала мутахассиси пешбари бахши гигиенаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоиршоҳ Ишратов чунин иттилоъ дод: «Баъд аз ҳодисаи дар ноҳияи Восеъ рухдода аз ҷониби Хадамот ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва минтақаи Кӯлоб гурӯҳи фаврии корӣ ташкил гардида, ба он ҷо равона карда шуд. Мутахассисони тиб беморонро ташхис намуда, ҳамчунин аз хонаи онҳо низ дидан карданд. Алалхусус мутахассисон барои сари вақт муайян кардани сабабу омилҳои пайдоишу афзоиши бемориҳои сироятӣ на танҳо он чизе, ки ин оила истеъмол кардааст, балки ҳолату вазъияти вазъи иҷтимоии ин хонавода ва самти фаъолияти кории онҳоро низ санҷиданд».
Хамчунин зикр карда шуд, ки аз тамоми маводи хӯроквории ин хонадон барои санҷиши озмоишгоҳӣ намуна гирифта шуда, айни ҳол ин намунаҳои хӯрокворӣ дар озмоишгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор доранд.
Ба гуфти номбурда, дар ин ҳодиса, ки маҳсулоти хӯрокии ҳасиб гумонбар шуда буд, аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон, воқеъ дар минтақаи Кӯлоб, фурӯши маҳсулоти номбурда дар ҷойҳои савдо боздошта шуда, фаъолияти ин коргоҳ манъ карда шуд.
Ба иттилои мутахассиси пешбари бахши гигиенаи Хадамоти мазкур Зоиршоҳ Ишратов, соли равон аз ҳисоби заҳролудшавӣ аз истеъмоли маводи хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ 17 нафар ба қайд гирифта шудаанд
Ба иттилои корманди Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Ашуров, аз тарафи мутахассисони ин ниҳод дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба миқдори зиёда 2 ҳазору 100 тонна молу маҳсулоти ғизоии ғайристандартӣ ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд. Дар раванди гузаронидани санҷишҳо танҳо дар ду рӯзи охир дар шаҳри Душанбе ба миқдори зиёда аз 2 ҳазору 100 килограмм маҳсулоти ғизоие, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд.
Ба гуфти манбаъ, аксарияти ин маҳсулот бо сабаби риоя накардани ҳолати нигоҳдорӣ ва гузаштани муҳлати истеъмолашон ғайристандартӣ ё пастсифат дониста шуданд.
Ибодат ДАВЛАТОВА,
АМИТ «Ховар»








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






