7 рӯзи «Ховар» — Муҳимтарин ҳодисаҳои ҳафта

Январь 20, 2018 11:44

ДУШАНБЕ, 20.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.  15 январ иҷлосияи 39 Конфронси генералии ЮНЕСКО 400-умин солгарди таваллуди шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Миробид Сайидои Насафиро ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид кард. Солҳои 2018-2019 бахшида ба таҷлили солгарди Сайидои Насафӣ конфронсу семинарҳо, намоишгоҳҳо, суҳбату ҳамоиш ва барномаҳои ҳунарӣ гузаронида мешаванд.

15 январ китоби нави Темур Зулфиқоров бо номи «Чойхонаи лаби ҷар» ба нашр расид. «Чойхонаи лаби ҷар» китоби сеюми нависанда ба забони тоҷикист. Қаблан китобҳои ӯ «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин» ва «Афъимори марҷонӣ» ба забони тоҷикӣ нашр шуда буданд.

15 январ Конфедератсияи футболи Осиё қарор қабул кард, ки тибқи он доварони тоҷик таҳти роҳбарии довари ФИФА Насрулло Кабиров бозии даври сеюми гурӯҳи «А» миёни ғолиби ҷуфти плей-офф «Ҳилол Ал-Қудс» (Фаластин) – «Ал-Сувайк» (Уммон) ва «Ал-Ҷазира»-и Урдунро ҳакамӣ мекунанд.

15 январ Вазири корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтхарт Хёфер Виссинг мулоқот доир намуд. Ҷонибҳо тақвият бахшидани ҳамкориро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба масъалаҳои мубодилаи таҷриба, иттилоот ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

15 январ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аввалин намоиши ҳунарҳои мардумии рассоми тоҷик Барим Неъматуллоев дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир гардид. Б.Неъмутуллоев узви  Иттифоқи рассомон ва меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо қарори Раёсати Иттифоқи меъморони Тоҷикистон  бо медали тилло  сарфароз гардидааст.

16 январ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорони масъулиятшинос, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ, муаррифии фарҳангу арзишҳои миллии меҳмоннавозӣ ва инкишофи ҳунари пухтупази навъҳои гуногуни хӯрокҳои милливу ғайримиллӣ барои гузаронидани озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» қарор қабул кард.

16 январ Меҳрангез Исмоилова, мураббияи кӯдакистони №8-и ноҳияи Б. Ғафуров ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» дониста шуд. Ба Меҳрангез мукофоти аввал дар ҳаҷми ду ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

16 январ  созмони «Бунёди ҳуқуқи кӯдак» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ерасмуси Роттердам Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раддабандии «Шохиси ҳуқуқи кӯдак-2017» миёни 165 кишвари аъзои Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид ба мақоми 55 сазовор донист. Тоҷикистон миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ баъд аз Ҷумҳурии Қазоқистон (ҷойи 22) ва Туркманистон (ҷойи 42) дар ҷойи сеюм қарор гирифт.

16 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов аз Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Маммадзода Дилсуз оғлу нусхаи эътимоднома  қабул кард.

16 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус  Маҳмадшариф Ҳақдод ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко Эътимоднома супорид.

16 январ Донишманди тоҷик Зафар Мирзоён  дар нашрияи «Ҷумҳурият» (16.01.2018,№12-13) бо сарлавҳаи «Гӯишҳои мардумии тоҷикон дар «Шоҳнома» мақолаи таҳлилӣ нашр кард, ки дар он ба нафароне, ки умри ҳазорсолаҳо доштани забони тоҷикиро эътироф кардан намехоҳанд ҷавоби сазовори илмӣ додааст. Дар мақола омадааст: «Дар поёни ин дарёфтҳо баҷост ёдоварӣ шавад, ки забони тавонои тоҷикӣ (форсӣ) ҳазору дусад сол пештар аз забони англисӣ афзори гуфтору навиштори давлатдориву сухангустарӣ будааст… Ҳамин аст яке аз тобишҳои забони  тоҷикӣ, ки нишонгари бузургиву тавонмандии он мебошад».

17 январ бахшида ба 25—солагии муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон шашумин маърузаи  ҷашнӣ таҳти унвони  «Ҳунари рассомии Ҳиндустон ва Тоҷикистон» доир гардид.

18 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018 муайян карда шуданд.

18 январ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар оташ гирифтани автобуси мусофирбар дар вилояти Актюбински Ҷумҳурии Қазоқистон, ки муҷиби ҳалокати 52 шаҳрванди Ӯзбекистон гардид,  барқияи тасаллият ирсол намуданд. «Аз Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович хоҳиш менамоям, ки изҳори тасллият ва ҳамдардии моро аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон, инчунин шифои комилро ба осебдидагони ин фоҷиа расонед», — омадааст дар барқия.

18 январ дар шоҳроҳи Самара-Шимкент дар қитъаи вилояти Актюбински Қазоқистон бар асари оташ гирифтани автобус 52 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳалок гардиданд. Дар ин бора Агентии байналмилалии иттилоотии  «Казинформ» бо ишора ба шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи мазкур хабар дод.

18 январ вазорати корҳои хориҷии Америка оид ба масъалаҳои сайёҳӣ ба шаҳрвандонаш Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар тавсия дод.

18 январ дар Қароргоҳи СММ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш доир гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла, масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни суҳбат ҳамчунин Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

18 январ  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар брифинги Шӯрои Амнияти СММ таҳти унвони «Манъи паҳншавии аслиҳаи қатли ом: Чораҳои таҳкими эътимод», ки дар қароргоҳи СММ доир шуд, ширкат намуд.

18 январ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид Сироҷидин Аслов бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лиу Женмин мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ, алалхусус Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

18 январ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БР СММ) Аҳим Штейнер баргузор шуд.

19 январ эҷодиёти рассоми навраси тоҷик Нигина Азимова ба Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Чехия роҳ ёфта, соҳиби ҷоиза гардид. Ба озмуни мазкур, ки дар мавзӯи саёҳат ва ҷаҳонгардӣ буд, беш аз 25 ҳазор расм ворид шудааст.

19 январ ба иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Ӯзбекистон барои интиқоли транзитии борҳо тавассути роҳи оҳан  аз Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон  аз 30 то 50 % сабукӣ пешниҳод намудааст.

20 январ дар шаҳри Москва таҳти раисии ҷониби Тоҷикистон, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа Сафири Тоҷикистон Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар соли 2018 барои ҳозирин ба таври муфассал муаррифӣ намуд.

20 январ ҳайати кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба мақсади шиносоӣ ва омузиши таҷрибаи фаъолияти шаҳракҳои саноатӣ, имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни Шаҳраки саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак аз шаҳраки саноатии «Иведик»-и шаҳри Анқара боздид намуд.

Таҳияи Акрам САНГЗОДА

Январь 20, 2018 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид