«Ғанигардонии орди гандум, яъне чӣ?» – шарҳи матбуот

Январь 25, 2018 13:16

ДУШАНБЕ 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи «Ҷумҳурият» (22.01.2018,№16) аз иштироки Пешвои миллат дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар боғи Наврӯзгоҳи пойтахт гузориши муфассал пешниҳод намуда, иттилоъ додааст, ки 21 январи соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии сарв, сарви лейландӣ ва секвоя шинонда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва хуррам гардондани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд. Мавриди зикр аст, ки Боғи кӯдакон дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боғи Наврӯзгоҳ аз ҳисоби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва боғи назди назди Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз тарафи роҳбари Агентии захираҳои моддӣ Нурмаҳмад Аҳмадзода сохта шуда истодаанд ва Сарвари давлат бо  ҷараёни корҳо дар ин иншоот шинос шуданд. «Хушбахт Ҳайдаршо, ҳақиқатнигоре, ки аз дасти гумроҳони ИНОТ қатл шуд» — бо чунин сарлавҳа мақолаи журналистони нашрия М. Шарифзода ва Қ.Мадалиев оид ба кору фаъолияти собиқ котиби масъули рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст. Муаллифон навиштаанд: «Дили бузурги Хушбахт Ҳайдаршоро панҷ тири қотили нохалафи мутааллиқ ба гумроҳони ба коми ТТЭ ҲНИТ афтида, субҳи 19 майи соли 1994 дар 35-солагӣ аз задан боз мононд. Дасти касифи нохалафе ҷавонмардеро аз миёни мо рабуд, ки ба ҷуз меҳри Ватан, сулҳу ваҳдат, шукуфоии Тоҷикистон муроде надошт…».

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (23.01.2018,№17-18) бо сарлавҳаи «Эмомалӣ Раҳмон ва Соли ҷавонон» Солномаи Пешвои миллат – 2017 пешкаши хонандагон шудааст. Муаллифони солнома Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Самариддин Айниддин оид ба фаъолияти Сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми соли гузашта маълумоти муфассал пешниҳод карда, навиштаанд: «Умед аст, ки соли 2018 низ чун солҳои пешин мардуми шарафманди мамлакат бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бобарору созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои татбиқи нишондодҳо ва дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат аз ҳарвақта дида бештар талош меварзанд ва Тоҷикистонро ба давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта мубаддал мегардонанд».

«Мақсади эълон намудани мораторий дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ буда, он барои таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои шаффоф ва мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд», — бо ҳамин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (24.01.2018,№19) ба дасти хонандагон расидааст. Нашрия дар бораи аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидани фармон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» иттилоия нашр карда, дар тавзеҳи фармон навиштааст, ки: «Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ду сол мораторий эълон карда мешавад». Мақолаҳои «Хатари ҳизбҳои динӣ ба давлатдории миллӣ», «Ноболиғон. Аз беҳудагардӣ то ҷинояткорӣ», «Пойтахт ё Душанбеи ҳамешабаҳор», ки дар ҳамин шумораи нашрия чоп шудаанд, аз ҷониби хонандагони нашрия хуб пазируфта хоҳанд шуд.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (25.01.2018,№10) Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ва Солномаи Пешвои миллат – 2017-ро бо сарлавҳаи «Эмомалӣ Раҳмон ва Соли ҷавонон» нашр кардааст. Нашрия аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳаи дуюми соли 2017 хабару гузоришҳо пешкаши хонандагон карда, ҳамчунин мақолаҳои «Чӣ тавр Ҳиндустон ба самти иқтисодиёти рақамӣ қадам гузошт?» ва «Ғанигардонии орди гандум, яъне чӣ?»-ро чоп кардааст.

Нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Омӯзгор» матни фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2017-2018, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чоп карда, мақолаҳои «Чанд мантиқи тасмим ва ташаббуси бузурги Тоҷикистон», «Сифати таҳсилот ва усулҳои фаъоли таълим», «Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бинои алоҳида надоранд» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҳаёти мактабу маорифи мамлакат ба нашр расонидааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Январь 25, 2018 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Саридораи геология ба 68 хоҷагӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тавсия додааст, ки ба маконҳои бехатар кӯч банданд
23 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ доир мешавад
Имсол дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» 260 нафар кӯдакону наврасон фароғат менамоянд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 45 дараҷа мерасад
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имсол дар телевизионҳои Тоҷикистон 39 лоиҳа ва барномаҳои нав намоиш дода шуданд
Ҳифзи Ватанро аз фазилатҳои Пешвои миллат бояд омӯхт!
22 июл дар Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ доир мегардад
Даври ниҳоӣ дар баландӣ. Дар Бадахшон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Соҳибкорону сокинон дар корҳои ободонии ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи беш аз 21 миллион сомонӣ саҳм гузоштаанд