Қариб 4000 нафар шаҳрвандони бекор дар Суғд тавассути ярмаркаи ҷойи кор ба шуғл ҷалб гардиданд

Январь 6, 2018 09:33

ХУҶАНД, 06.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади бо ҷои кор таъмин намудани корҷӯён, шахсони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, дар вилояти Суғд давоми соли гузашта  242 ярмаркаи ҷойҳои корӣ гузаронида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, зимни баргузории ин ярмаркаҳо  аз ҷониби 3 ҳазору 467 корхонаю ташкилоти ширкаткунанда 35 ҳазору 837 ҷойи кор пешниҳод гардида, тавассути он 3 849 нафар, аз ҷумла, 1 547 нафар корҷӯй бо кори доимӣ таъмин гашта, 1 960 нафар ба касбомўзӣ ва 342 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд.

Дар маҷмӯъ, давоми соли 2017 дар вилояти Суғд дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  12 ҳазору 503 нафар шаҳрванд бо шуғли асосии доимӣ таъмин карда шуданд.

Январь 6, 2018 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад