БА КАЙҲОН – БО ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН! Солиҷон Шарипов, ки аз нахустин парвози фазоии ӯ 20 сол сипарӣ гардид, мехоҳад ин нусхаи таърихиро ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намояд

Январь 25, 2018 13:21

ДУШАНБЕ, 24.01.2018./АМИТ «Ховар»/. Солиҷон Шарипов —  кайҳоннаварди машҳур, расо 20 сол муқаддам, дар ҳамин рӯзҳои  моҳи  январи соли 1998 аввалин парвози кайҳонии худро анҷом дода буд.

Тавре дар саҳифаи худ дар Facebook муовини раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон Қодиршои Мурувват навиштааст, ба ин муносибат дар Қирғизистон рӯзномаву  маҷаллаҳо матолиби фаровонро чоп намудаву аз ин фарзанди фарзонаи диёр тамҷид намуданд.  Бино ба хабари ӯ, қарор аст 12 апрели ҳамин сол, дар Рӯзи кайҳоннавардон, бо ҳузури бевоситаи Солиҷон Шарипов дар шаҳри Бишкек чорабинии бузурги идона  доир карда шавад. Баргузоркунандаи ин маросим Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон эълон шудааст ва Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ низ дар ин росто саҳми худро мегузорад.

Бояд зикр кард, ки Солиҷон Шарипов дар шаҳри Узгени вилояти Ӯш, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон ба дунё омадаву ба воя расидааст. Дар иртибот ба ин, дар идомаи ҳикояташ Қодиршои Мурувват менависад: «Барои банда муяссар гардид, ки дар шаҳри Бишкек ду бор дар суҳбати кайҳонавард ҳузур доштаву чанд ҳарфе раду бадал намоям. Солиҷон изҳор медорад, ки тарафи падариаш аз шаҳри бостонии Истаравшан буда ва айёми навҷавонӣ бо падараш чанд бор ба ин шаҳр сафар доштааст».

Бояд гуфт, ки сарнишин, кайҳоннавард, Қаҳрамони Қирғизистон ва Россия Солиҷон Шарипов дар мусоҳибаи худ бо хабарнигорон чунин гуфтааст: “Бобои ман дар Тоҷикистон таваллуд шудаву бо ӯзбекдухтар хонадор мешавад. Ҳарчанд миллати падарамро ӯзбек навиштаанд, аммо ӯ дар асл тоҷик аст ва ман “ба хотири ёдоварӣ аз бобои худ муддати 193 шабонарӯз Парчами Тоҷикистонро бо худ ба кайҳон ба экспедитсияи кайҳонӣ бурда будам. Айни ҳол он Парчамро бо худ нигоҳ медорам ва умед дорам, ки як рӯз онро ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорам”.

Худи ӯ мегӯяд, ки то соли 1982 онҳо ҳамроҳ бо бобову падараш дар  Истаравшану Хуҷанд ду бор меҳмон шудаанд. Ҳатто хотироте низ аз он замон дар ёдҳояш боқӣ мондааст. Бахусус инро дар ёд дорад, ки аввалин маротиба ба духтараки маҳаллӣ маҳз дар Тоҷикистон ошиқ гардид. Вале баъдан зиндагӣ ӯро ба сӯи дигар бурд.

Бинобар ин Тоҷикистон  аз доштани чунин қаҳрамон ифтихор дорад. Бояд зикр намуд, ки аввалин парвози С. Шарипов  23 январи соли 1998 ба воситаи киштии кайҳонии амрикоӣ ва аз космодроми ИМА сурат гирифтааст. Ин шараф ба ӯ ба хотири дар сатҳи аъло донистани забони англисӣ аз миёни панҷ нафар беҳтарин кайҳоннавардон  муяссар гардида буд.

Солиҷон Шарипов соли 1998 сазовори унвони «Ҳавонаварди Федератсияи Россия» гардида, ҳамчунин дорандаи медали «Барои парвози фазо» мебошад. Дар Қирғизистон низ ҳамон сол ба ӯ унвони «Қаҳрамони кишвар» доданд. Ҳукумати Ӯзбекистон як сол пас тоҷикписарро бо ордени «Амир Темур» ва «Барои меҳнатҳои шоён» қадрдонӣ кард. Россия соли 2005 ба Солиҷон Шарипов унвони «Қаҳрамони Россия»- ро сазовор донист.

Аз ин хотир, қаҳрамониву шуҷоати Солиҷон Шарипов ба унвони аввалин  кайҳоннаварди Осиёи Миёна ба мо, тоҷикон низ рабт дорад ва ин санаи фархундаро ба ин марди далер табрик мегӯем!

 Лутфия ЭШОНҚУЛОВА,

АМИТ “Ховар”

Январь 25, 2018 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ бо фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон шинос шуданд
Дар Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Хуррамзамин» 2200 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуд
Дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази таълими забони кореягӣ ва омодасозии касбӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантии худро пешниҳод намоянд
«АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ-КАФИЛИ СОЛИМӢ ВА ДАРОЗУМРӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Подшоҳи Марокаш мардуми мамлакаташро даъват намуд, ки аз забҳи чорво худдорӣ намоянд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар шаҳри Кӯлоб барои таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ беш аз 12 миллион сомонӣ ҷудо гардид