БА НОМИ МУБОРАКИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН. Шарҳи маводҳои матбуоти Тоҷикистон дар таҳияи шореҳи АМИТ «Ховар»

Январь 4, 2018 15:24

ДУШАНБЕ 04.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» (02.01.2018,№1) дар шумораи нахустини соли нави 2018 таманниёти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардуми Тоҷикистон нашр кардааст: «Умедворам, ки соли нав барои халқи сарбаланди тоҷик соли бобарор ва марҳалаи навбатии вусъати амалҳои созандаву ободкориҳо гардида, мақсаду маром ва орзуву ниятҳои некамон амалӣ мешаванд».

Нашрия дар бобати ба имзо расидани як зумра қонунҳо аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабари муфассал нашр кардааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар таҳрири нав қабул гардида, мақоми шаҳри Душанберо ҳамчун маркази маъмурию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму тамаддун ва таърихию фарҳангии мамлакат муайян менамояд, ба имзо расонида шуд. Мувофиқи қонуни мазкур шаҳри Душанбе маҳали нигаҳдории нусхаи аслии матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муқаддасоти милливу давлатӣ мебошад.

Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нашрияи «Ҷумҳурият» мақолаи мухбири худро бо сарлавҳаи «Дору. Роҳи ҳалли мушкилот мавҷуд аст, агар…» чоп кардааст, ки дар он мулоҳизаҳои академик Ғиёсиддин Меҳроҷов чунин оварда шудаанд: «Дар ҷумҳурӣ ҳанӯз нақша ё худ системаи муайяни коркард ва истеҳсоли дору мавҷуд нест. Барои ин дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис додани сохтори алоҳидаи рушди саноати фармасевтӣ ҷиҳати назорат ва идораи фаъолияти корхонаҳо хеле муҳим мебошад. Баробари ин, барқарор кардани корхонаҳои пешинаи истеҳсоли дору зарур аст. Дар заминаи озмоишгоҳҳои тиббии мавҷуда бунёд кардани озмоишгоҳи пурқудрати барориши маводи синтезӣ ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли дору ба манфиат хоҳад буд. Дар ин маврид ҳамкории зичи фармакологҳо ва фармасевтҳо дар асоси таъсиси Институти илмӣ-амалии фармакологӣ нақши муҳим мебозад».

«Нақше, ки ранг баст зи «Ирфон»- бо ҳамин сарлавҳа Ҳабиб Сулаймонӣ, сармуҳаррири Муассисаи нашриявии «Ирфон» аз таърихи таъсис ва фаъолияти куҳантарин нашриёти мамлакат мақолаи ҷолибро пешкаши хонандагони «Ҷумҳурият» кардааст. «Сарварии ин боргоҳи суханро устод Абулқосим Лоҳутӣ бар уҳда дошт ва дар таҳкиму ташаккулаш устод Садриддин Айнӣ мақому хидмати шоиста дорад», — навиштааст муаллиф. Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар чанд моҳи фаъолияти худ дар соли аввали таъсисаш (1925) 8 номгӯй китоб нашр кард, ки аз он 4-тоаш китобҳои дарсӣ буданд. Даҳ соли баъд, яъне соли 1935 номгӯйи китобҳои нашркардаи он ба 266 расид. «Алҳол «Ирфон» ҳамасола аз 30 то 40 номгӯй китобу ҷузваро бо теъдоди 50-60 ҳазор нусха ба табъ мерасонад», — иттилоъ додааст муаллифи мақола.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» дар шумораи нахустини соли нави 2018 матни Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати соли нави мелодӣ нашр кардааст, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Итминон дорам, ки аз рӯзҳои аввали соли нав фаъолияти созанда ва заҳмати ободгаронаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба номи мубораки истиқлоли Ватан сафарбар мегардад. Орзумандам, ки соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон соли суботу оромӣ, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои боз ҳам бештар гардида, ҳамаи нақшаву ниятҳои неки онҳо бо заҳмати ватандӯстонаи ҳар як фарди Ватан ва азму талоши созандаи мардуми шарафмандамон амалӣ шаванд».

Нашрия аз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки 2 январи соли 2018 баргузор гардид, хабари муфассал нашр кардааст. Зимни ҷаласаи мазкур лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин доир ба масъалаҳо «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд» ва ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои Венгрия, Индонезия, Малайзия, Сингапур, Швейтсария, Шри-Ланка қарорҳо қабул карда шуданд. Дар саҳифаҳои дохилии нашрия мақолаҳои «Обёрии қатравӣ суд дорад?», «Тоҷикистон кишвари содиркунандаи доруворӣ хоҳад шуд», «Ангишт метавонад ба рушди «энергияи сабз» мусоидат кунад», «Бе мутахассисони ҳирфавӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ ғайриимкон аст» чоп шудаанд.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо сарлавҳаи «Соли ҷавонон – соли таърихист» мусоҳиба бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозодаро чоп кардааст. А.Абдуллозода бо такя ба таъкидҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ гуфта буданд: «Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо «Соли ҷавонон» маҳдуд намешавад. Баръакс ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти  муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд», аз оғози марҳалаи нави сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва ғамхорӣ нисбат ба ин қишри фаъоли ҷомеа изҳори назар кардааст.

 

                                                                                      Шарҳи

                                                                            Акрам САНГЗОДА,

                                                                             АМИТ «Ховар»

Январь 4, 2018 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«30 СОЛИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА ВА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ». Дар шаҳри Норак ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат 5390 кг маҳсулоти пастсифат ва хатарнок нобуд карда шуд
Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Бохтар конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Корея дар самти омӯзиши канданиҳои фоиданок ҳамкорӣ менамоянд
Интернети 4G ба муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар дастрас мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, панҷшанбе, 347-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ конференсия доир шуд
21 декабр Анҷумани XIII навбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад