Ба таваҷҷуҳи муҳоҷирон! Аз 25 май то 25 июли соли 2018 дар баъзе минтақаҳои Россия тадбирҳои бехатарӣ пурзӯр карда мешаванд

Январь 27, 2018 10:25

ДУШАНБЕ, 27.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста  ба баргузории мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Калининград, Нижний Новгород,  Волгоград, Ростови лаби Дон, Саранск, Сочи ва Самараи Федератсияи Россия бо мақсади  таъмини бехатарӣ дар тартиби бақайдгузории муҳоҷиратӣ чораҳои иловагӣ татбиқ карда мешаванд. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Иброҳим Аҳмадов хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар асоси фармони Президенти Федератсияи Россия  давоми ду моҳ- аз 25 май то 25 июли соли 2018 дар шаҳрҳои зикршуда муҳлати бақайдгузории муҳоҷиратӣ 1 шабонарӯз (24 соат) аз вақти даромад ба қаламрави ФР муқаррар карда мешавад. Яъне шаҳрванди хориҷие, ки аз 25 май то 25 июли соли равон ба шаҳрҳои номбаршудаи Федератсияи Россия ворид мешавад, бояд дар давоми 1 шабонарӯз танҳо дар мақомоти дахлдор- шуъбаҳои ҳудудӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Россия шахсан рафта, аз қайди муҳоҷиратӣ гузарад.

Инчунин тибқи талаботи фармони мазкур дар давоми баргузории мусобиқот дар ин шаҳрҳо бақайдгузории муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ тавассути почта ё худ марказҳои муҳоҷиратӣ муваққатан қатъ карда мешавад.

Ба гуфтаи Иброҳим Аҳмадов, нафароне, ки дар давоми баргузории мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон ба шаҳрҳои номбаршуда мақсади сафар доранд, бояд қаблан ҷойи иқомати муваққатӣ ва имкониятҳои дар як шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштани худро ба нақша гиранд. Зеро риоя нагардидани ин меъёр боиси татбиқи чораҳои қатъии маъмурӣ шуда, хатари ихроҷ ва баста шудани вуруди минбаъдаи онҳо  ба Федератсияи Россия мегардад. Бояд гуфт, ки дар фарқият ба дигар мавсим, дар давраи мусобиқот- аз 25 май то 25 июли соли равон дар шаҳрҳои мазкур шуъбаҳои оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Россия бе рӯзҳои истироҳатӣ шабонарӯз фаъолият менамоянд.

Шаҳрвандон метавонанд барои тамос гирифтан бо кормандони Намояндагӣ бо телефонҳои зерин муроҷиат намоянд:

Ҳавзаи федералии марказӣ

ш. Москва

+7 (495) 967 98 44

+7 (926) 255 09 27;

+7 (968) 733 00 00;

+7 (926) 241 09 09;

ш.Санкт-Петербург, Калининград

+7 (964) 373 75 01;

ш-ҳои Саранск, Нижний Новгород, Самара, Қазон

+7 (906) 805 329 28 28;

ш.Екатеринбург

+7 (905) 805 57 77;

ш.Сочи

+7 (926) 578 31 99;

ш.Ростови лаби Дон

+7 (915) 488 32 23;

ш. Волгоград

+7(925) 236 67 85.

 

 

Январь 27, 2018 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд