Ба «Тоҷик Эйр» ва «Роҳи оҳани Тоҷикистон» имтиёз дода мешавад
ДУШАНБЕ, 29.01.2018/АМИТ «Ховар»/. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» илова ворид менамояд. Масъалаи мазкур 29 январ дар ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба молия ва иқтисод Шариф Раҳимзода зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат бармеояд. Ҳадафи он рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёт, сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва навсозии техникии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мебошад.
Тибқи иловаи ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» воридшаванда ба корхонаҳои мазкур барои воридоти техникаю таҷҳизот имтиёз дода мешавад.
Дар ҷаласа аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати «Kryso Resources Limited»ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» оид ба истихроҷи кони «Пакрут»-ро баррасӣ намуданд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






