Бозрасии давлатии автомобилӣ дар 3 рӯз беш аз 2 ҳазор ҳуқуқвайронкуниро ба қайд гирифт

Январь 25, 2018 10:16

ДУШАНБЕ, 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаришуда кормандони  Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ як зумра корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир намуда, бо мақсади танзими воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, ошкор ва муайян намудани вайроннамоии қоидаҳои ҳаракати роҳ маҷмӯи чорабиниҳои пешгирикунанда баргузор намуданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, дар доираи баргузории як амалиёт, ки  се рӯз идома ёфт, аз ҷониби нозирони роҳ 2234 адад ҳуқуқвайронкунӣ муайян, ошкор ва ба қайд гирифта шуданд.

Ҳамчунин зимни доир намудани амалиёти мазкур 5 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор гардида, баъди гузаронидани санҷишҳои соҳаи тандурустӣ ҷиҳати дар ҳолати мастӣ қарор доштани ронандагон нисбат ба онҳо маводи маъмурӣ тартиб дода шуд. Мошинҳои ронандагони сархуш ба майдончаи ҷаримавии шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ворид карда шуд.

 

 

Январь 25, 2018 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад