Дар Душанбе ҷаласаи 12-уми масъулони аршади Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» баргузор гардид

Январь 27, 2018 10:14

ДУШАНБЕ, 27.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 26 январи соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 12-уми масъулони аршади Муколамаи  «Осиёи Марказӣ+Япония» таҳти  ҳамраисии  муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ   ва Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Япония оид ба Осиёи Марказӣ Сафир Тошиҳиро Аикӣ  доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  дар нишасти мазкур ҳайати давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти роҳбарии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Динара Кемелова, муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Хоҷиев, муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Саидикром Ниёзхоҷаев, директори Департаменти ҳамкориҳои умумиосиёгии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Алибек Бакаев ва дигарон ширкат варзиданд.

Дар сессияҳои мавзӯотии Муколама ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа доираи васеи масъалаҳои марбут ба иҷрои лоиҳаҳо ва баррасии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди сайёҳӣ дар доираи Муколама баррасӣ гардиданд. Яке аз натиҷаҳои муҳими нишасти Душанбе – ин эълон намудани соҳаи рушди сайёҳӣ ҳамчун самти нави ҳамкории амалӣ дар доираи Муколама мебошад.

Дар нишаст ҳамчунин масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония дар самтҳои мухталиф муҳокима гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи майи соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи раисикунандаи Муколамаро барои солҳои 2017-2018 бар уҳда дорад.

Январь 27, 2018 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад