Дар ояндаи наздик хатсайри нави ҳавоӣ байни Душанбе ва Самарқанду Бухоро ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 04.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ояндаи наздик байни пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Душанбе ва шаҳрҳои Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон хатсайри нави ҳавоӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» пешниҳод намудааст, ки байни Душанбе ва шаҳрҳои Самарқанду Бухоро хатсайри нави ҳавоӣ кушода шавад. Оид ба ин масъала қарори дахлдор қабул гардид ва ба ҷониби Ӯзбекистон ирсол карда шуд»,-гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бори аввал дар тӯли 25 сол байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон парвозҳо ба роҳ монда шуданд. Дар айни замон Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ҳафтае як маротиба- рӯзи сешанбе тариқи ҳавопаймои А320 ба пойтахти Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд






