Дар Рашт озмуни «Нонпази беҳтарин» ҷамъбаст гардид

Январь 8, 2018 15:02

ДУШАНБЕ, 08.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагону фаъолон ва кадбонуҳои ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт озмуни «Нонпази беҳтарин» баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар озмуни «Нонпази беҳтарин» раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ба  ҳунари нонпазӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, табақтарошию ҳунари косибии иштирокчиёни озмун баҳои баланд дод.

Дар озмуни «Нонпази беҳтарин» ҷои аввал насиби кадбонуҳои ноҳияи Рашт гардида, ҷои дуюм ба бонувони ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Нуробод ва ҷои сеюм ба нонпазони ноҳияи Сангвор муносиб дониста шуд.

 

Январь 8, 2018 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад