Дар сарҳад зимни 31 задухӯрди мусаллаҳона 20 нафар қочоқчиён дастгир гардиданд

Январь 9, 2018 15:26

ДУШАНБЕ, 09.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 31 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 18 қочоқчӣ нобуд ва 20 нафари дигар дастгир карда шуданд. Дар ин бора имрӯз зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ-ҷангии Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ  ҶТ дар соли 2017 изҳори назар карда шуд.

Тавре ба АМИТ “Ховар” сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ  ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, дар ҷаласа раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумурии Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа инчунин зикр гардид, ки дар ин давра 31 маротиба кӯшиши убури ғайриқонунии хати сарҳад пешгирӣ карда шудааст. Ҳамзамон 138 далели вайронкунии сарҳади давлатӣ ва 105 далели вайронкунии низоми сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуда, 205 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ва 201 нафар вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд.

Дар ҷамъомад камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ муҳокима гардида, барои бартараф намудани онҳо аз ҷониби раиси КДАМ ҶТ ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳо оид ба иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда, ҳамчунин пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мустаҳкамии назорати сарҳад  супоришҳои мушаххас барои соли 2018 дода шуданд.

Январь 9, 2018 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе