Дар Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ДУШАНБЕ, 12.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 январ соати 08:40 бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре аз Хадамот иттилоъ доданд, заминҷунбӣ дар километри 125-уми самти шарқии Душанбе ба амал омадааст. Дар марказ қувваи заминҷунбӣ ба 4,8 ва дар шаҳри Душанбе ба 2,5-3 балл баробар будааст. Бар асари ин заминҷунбӣ талафоти ҷониву молӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин заминҷунбӣ дар соли равон буда, бори аввали он субҳи 09 январ дар километри 340-уми самти ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо қувваи 3-4 балл ба қайд гирифта шуда буд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






