Фарҳангиёни ҷумҳурӣ нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 12.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорони шуъбаву бахшҳои фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои ин вилоят дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-тренинг баргузор гардид.
Семинари мазкур бо мақсади беҳтар гардидани шароити моддиву маънавӣ дар шуъба ва бахшҳои фарҳанги вилоят, ба кор ҷалб намудани кадрҳои баландихтисос ва кормандони ҷавон, ҷобаҷогузории кадрҳо ташкил гардида, мавзӯи асосии он ба нуктаҳои ба фарҳанг нигаронидашудаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барномаи фаъолияти минбаъдаи аҳли фарҳангу санъат аст, бахшида шуда буд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокдорони семинар оид ба дурнамо ва шароити кунунии соҳа, иҷрои вазифаҳо, омода намудани ҳисоботи оморӣ ва хаттӣ, таҳкими робитаҳо бо маркази иттилоотии Вазорат ва вазифаҳои муҳими аҳли фарҳанг дар шароити ҷаҳонишавӣ сухан гуфтанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






