Хайрулло Ибодзода: «Барои риоя накардани меъёру стандартҳои экологӣ ва қонунвайронкунӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷарима баста шуданд»

Январь 25, 2018 15:03

ДУШАНБЕ, 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди назорати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист мебошад. Соли 2017 аз ҷониби Кумита ва сохторҳои он 10 ҳазору 890 амалиёти гуногун гузаронида шуд, ки дар натиҷаи санҷишҳо барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ 27 ҳазору 393 адад пешниҳодҳои иҷрояшон ҳатмӣ дода шуданд ва аз он 22 ҳазору 596 адад иҷро гардидаанд, ки 82 фоизро ташкил медиҳанд. Ин нуктаро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Хайрулло Ибодзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт.

Ба гуфтаи Хайрулло Ибодзода, барои риоя накардани меъёру стандартҳои экологӣ ва қонунвайронкунӣ 10 228 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба маблағи 1470,2 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ҳамчунин зимни нишаст зикр карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» аз Федератсияи Россия ба маблағи 220,2 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти муосири безараргардонӣ бо иқтидори коркарди 900 адад  лампаҳои симобдори аз истифода баромада дар як шабонарӯз барои вилояти Суғд харид гардид. Ин иқдом соли равон низ идома меёбад.

Январь 25, 2018 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад