Хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар беш аз 42 давлати хориҷӣ фаъолият дошта, обрӯю нуфузи Тоҷикистонро баланд мебардоранд
ДУШАНБЕ, 24.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо беш аз 106 муассисаи олии таълимию илмии хориҷи мамлакат шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар ин бора имрӯз, 24 январ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, дар давраи ҷаҳонишавии таҳсилоти олӣ ҳамкории мутақобилан судманди муассисаҳои байнидавлатӣ яке аз заминаҳои асосии рушд ба ҳисоб меравад. Низоми таҳсилоти олии ҷумҳурӣ пурра низомҳои эътирофгардидаи ҷаҳониро пазируфта, барои ворид гардидан ба таҳсилоти аврупоӣ ва байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад. Яке аз шартҳои асосии воридшавӣ ба низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ-ин дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкории академикӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ мебошад.
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар айни замон 9 лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ гардида, бештари онҳо аз ҷониби Агентии Швейсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, DAAD ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешаванд.
«Ҳоло хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар бештар аз 42 давлати хориҷӣ фаъолият дошта, обрӯю нуфузи Тоҷикистонро баланд мебардоранд»,- зикр намуд Маҳмадшоҳ Гулзода.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






