Ифтитоҳи коргоҳи навбунёди металлургӣ дар шаҳри Истиқлол метавонад ба рушди иқтисодиёт мусоидат намояд

Январь 25, 2018 09:34

ХУҶАНД, 25.01.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2017 бо ба истифода додани  марҳилаи аввали корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин, ки дар он истеҳсоли металли сурб ба роҳ монда шудааст, барои сокинони шаҳри Истиқлол соли хотирмон буд. Зеро дар ояндаи наздик коргоҳи мазкур на танҳо дар масъалаи таъмини пурраи аҳолии шаҳр бо шуғли доимӣ, балки  барои ғанӣ гардонидани буҷа ва рушди он мусоидат карда метавонад. Ин матлабро раиси шаҳри Истиқлол  Худойназар Амонзода  зимни баргузории нишасти хабарие, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир гардид,  баён дошт.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», раиси шаҳр ҳамзамон зикр намуд, ки иқтидори лоиҳавии Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар як сол 50 ҳазор тонна металли сурб буда, айни замон дар он 600 нафар сокинони маҳаллӣ ва мутахассисони чинӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми он, ин шумора афзоиш хоҳад ёфт. Инчунин дар оянда дар назди коргоҳ ба истифода додани корхонаҳои нави рӯҳ, аккумулятор, кислотаи сулфат, нуриҳои минералӣ ва қисмҳои эҳтиётии саноати кӯҳкорӣ дар назар аст.

Ҳамзамон вобаста ба иқтидори истеҳсолии маҳсулот гуфта шуд, ки  то 1 январи соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 27 миллиону 882 ҳазор сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба 135,8 фоиз баробар гардидааст.  Давоми соли 2017 аз ҷониби чор корхонаи саноатӣ ба маблағи 22 миллиону 323 ҳазор сомонӣ ва бахши хусусӣ ба маблағи 4 миллиону 362 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ низ 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шудааст.

Инчунин соли 2017 ба шаҳр ба маблағи 69 миллиону 114 ҳазору 200 сомонӣ сармояи хориҷӣ ва 300 ҳазор сомонӣ сармояи дохилӣ ворид гардидааст.

Ҳамзамон соли сипаригашта бинои шуъбаи сироятии Беморхонаи марказии шаҳр ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, ба масоҳати 28 километр роҳҳои маҳаллӣ  мумфарш ва таъмири ҷорӣ гардиданд.

Ба иттилои раиси шаҳр, соли 2018 ба таъсиси шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) 80 сол пур мешавад. Аз ин лиҳоз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамроҳ бо соҳибкорони маҳаллӣ тасмим дорад бунёди як кӯдакистон, як мактаби сохти нав, сохтмони 10 адад майдончаи варзишӣ, навсозии боғи фарҳангию истироҳатӣ ва варзишгоҳи маркази шаҳрро  ба роҳ монад.

Ҳамзамон вобаста ба нарасидани мутахассисони ҷавон, хосатан дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ зикр шуд, ки то имрӯз ин масъала  то андозае ҳалли худро ёфтааст. Мақомоти маҳаллӣ тасмим дорад донишҷӯёнеро, ки аз шаҳри Истиқлол дар донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ тариқи квотаи президентӣ таҳсил доранд, ба кор даъват намояд.

 

Январь 25, 2018 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид