Инъикоси мавқеи стратегӣ ва таҳкими муносибатҳо дар Паёми Пешвои миллат

Январь 3, 2018 12:07

«Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин   намудани  зиндагии   шоистаи   аҳолӣ   бо   қадамҳои устувор пеш меравад».

 Аз Паёми Президенти ҶумҳурииТоҷикистон

ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

22 декабри соли 2017, шаҳриДушанбе

 

ДУШАНБЕ, 03.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми мантиқии паёмҳои қаблӣ буда, дастовардҳои мамлакатро дар солҳои сипаригашта ва солҳои минбаъда инъикос намуда, мазмунан сермуҳтаво, фарогири ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа ва соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат буда, ба сифати роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзоиши нуфузу эътибори давлатамон дар арсаи байналмилалӣ нақши хеле муҳиме хоҳад бозид. Зеро гарчанде ки дар шароити ҳозираи пурхатари муборизаи кишварҳои абарқудрат барои ба даст овардани манфиат, мавҷудияти таҳдидҳои пайвастаи терроризму экстремизм ва зуҳуроти дигари хатарҳои ҷаҳонишавӣ, муайян намудани мавқеи мамлакат басе мушкил бошад ҳам, хиради азалӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият дод, ки ҷойгоҳи ҷумҳуриро дар қатори давлатҳои пешсафи минтақа таҳким бахшад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир андешида, барои ба роҳ мондани ҳамкории фарогир ва ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ кӯшишҳо ба харҷ дода истодааст. Чунки дар шароити ҳозира дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб боиси нигаронӣ гардида, ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва соҳаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро аз диди нав мавриди таҳлилу тадқиқ қарор дода, бо истифода аз неруи тавонои сиёсатмадорӣ ва таҷрибаи пурсамари корӣ дар чунин давраи мураккаб ва пуртазоди ҷаҳонишавӣ тавонистааст қадамҳои устувори минбаъдаро барои зиндагии шоистаи аҳолии ҷумҳурии азизамон дар Паёми худ ба Парлумон 22 декабри соли 2017 муайян намуда, онҳоро дар фаъолияти давлат, ҳукумат ва ҷомеа тариқи зайл нақшабандӣ намояд:

  1. Бартарии асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон ва сифатҳои нави иҷтимоию иқтисодии он ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз дар он зоҳир меёбад, ки илман асоснок ва амалишаванда буда, натиҷаҳои дар 11 моҳи соли 2017 ба дастовардашуда ва татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тайи ду соли охир аллакай гувоҳи онанд.

Дар ҳақиқат, новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ ва таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ тайи ду соли охир татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд.

Барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, солҳои 2018-2020 бо ин мақсад равона сохтани қариб 70 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли 2017 нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардида, мутобиқи дурнамои таҳиягардида то соли 2021 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонида мешавад.

Дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли 2016-ум 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфтааст.

Гузашта аз ин, рушди соҳаҳои  иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла, саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ 7,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6,0 фоиз, савдои чакана 6,6 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 фоиз нигоҳ дошта шудааст.

Қисми даромади буҷети давлатӣ соли 2017, дар маҷмӯъ иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017  7,3 фоиз зиёд муайян гардидааст.

Дар 11 моҳи соли 2017 содирот нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 35,4 фоиз афзоиш ёфта, воридот 10 фоиз кам шуда бошад ҳам, вале ҳоло ҳам қисми зиёди маҳсулот бе коркарди ниҳоӣ содирот карда мешавад.

Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба масъалаҳои тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда аҳамияти махсус дода, барои  андешидани тадбирҳои зарурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, пахта ва меваю сабзавот, истихроҷи маъдан, коркарди металлу сангҳои қиматбаҳо маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки барои сифатнок амалӣ гардонидани самаранокӣ ва қобилияти рақобатии ҳамаи иқтидорҳои мавҷуда ва дарк намудани аҳамияти татбиқи саривақтии «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», зарурати таҳлили ҳаматарафаи натиҷаи ду соли сипаришудаи татбиқи барнома аз ҷониби роҳбарону масъулини вазорату идораҳо ба миён омадааст.

Дар ин ҷода,  вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромада, тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири соли 2020 бо истифода аз технологияҳои муосиру ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкории хурду миёна, таъмин намудани талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва пурра аз уҳдаи иҷрои нақшаҳои андозу пардохтҳои гумрукӣ баромадан қобили қайд аст.

Чунин тарзи кор боиси тақвияти иқтидори содиротии мамлакат  таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатӣ ва таъмини рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ мегардад.

  1. Барои Тоҷикистон, ки соли 2018 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба дӯш гирифтааст, дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гаштани чорабиниҳои бузурги ҷаҳонӣ, аз қабили мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ИДМ, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай нисбат ба рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми муҳим хоҳанд дошт.
  2. Паёми Пешвои миллат дар даврае ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ирсол гардид, ки ҷаҳони муосир шоҳиди буҳрони шадиди идеологӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ буда, густариш ва тақвияти ифротгароию терроризм ҳамчун хатарҳои ҷаҳонии ин зуҳуроти нангину даҳшатнок маҳсуб мешаванд.

Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора ба зуҳуроти хатарноки даҳаи дуюми асри ХХI- терроризм ва экстремизм намуда, ҷавононро аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва аз таъсири манфию хатарноки онҳо огоҳ намуда, таъкид намуд, ки ин падидаи номатлуб аз ҷониби сохторҳои марбута сари вақт пешгирӣ карда шавад.

Дар ҳақиқат, таи солҳои охир ҷомеаи инсонӣ ва пеш аз ҳама, шаҳрвандони ватандӯсту сарсупурда, ҷавонони бомаърифат ва ҳимоятгарони аслии марзу буми Тоҷикистон аз макру фиреб ва  таъсири манфию хатарноки худфурӯшону ҷосусон, ҷоҳилону қотилон ва хоинони миллат пайваста дард мекашанд. Ҳол он ки дар асл шариати исломӣ зуҳуроти номатлуб ва даҳшатноки терроризму ифротгароиро шадидан маҳкум намуда, мусулмононро ба ваҳдату бародарӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва аъмоли нек раҳнамоӣ мекунад.

Хурсандиовар он аст, ки чунин дастуру ҳидоятҳо, вазифаҳои муҳиму пуршараф ва таъкидҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ роҳбарону масъулини вазорату идораҳо ҳамчун қутбнамо ва барномаи доимӣ ба роҳбарӣ гирифта, сарбаландона дар амал татбиқ менамоянд.

Чунки мардуми шарафманди Тоҷикистон аз ибтидо бо сарварӣ ва заҳматҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз нигоҳи некбинона бо кишварҳои хориҷаи дуру наздик мавқеъ гирифта, ташаккули ҳамкории мутақобилан судмандро ба даст оварда, бо касб намудани сатҳи сифатан нав дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ муносибатҳои дӯстона рӯи кор овардаанд.

Воқеият чунин аст, ки таҳдиду хатарҳои глобалӣ ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор гашта, нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ гардад. Дар ин давра мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтани зиёда аз сад давлати дунё ва бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе ба нақша гирифта шудани баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез далели гуфтаҳоест, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадаанд.

Чунин тарзи фаъолият зарурати дар минтақа муҳайё намудани фазои мусоиди рафтуомади озоди одамон, интиқоли бемамониати молу сармоя ва захираҳои меҳнатиро тақозо намуда, имконияти бахшидани суръат дар густариши ҳамкории амниятӣ, муқовимат ва истодагарӣ намудани якҷоро бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалӣ барои ҳамаи давлату халқҳои Осиёи Марказӣ таъмин намуда, мавқеи мамлакатро дар миқёси байналмилалӣ боз ҳам беҳтар хоҳад намуд.

  1. Бо мақсади эҷоди шароити мусоиди берунӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори ҷумҳурӣ, таъмини бехатарӣ ва ҳалли масоили вобаста ба об дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ чандин ташаббусҳои созандаро пешниҳод ва роҳандозӣ намуда, тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид.

Дар даҳсолаи оянда низ аз соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 расман оғоз мегардад.

  1. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ мекунад, ки роҳбарияти мамлакат имрӯз дар ҳамбастагӣ бо мардуми шарафманди Тоҷикистон пешоҳанг ва асосгузори рӯйдодҳои хотирнишин, шоҳиди марҳила ба марҳила рушду нумӯъ кардани ҷумҳурӣ ва дар маҷмӯъ муаллиф ва ихтироъкори падидаҳои сифатан нави расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии   шоистаи   аҳолӣ буда, бо қадамҳои устувор пеш  рафта, ҳамчун ҷузъи ҷудонашаванда дар татбиқи самтҳои сиёсати дохилию хориҷӣ бо гузоштани саҳми арзанда баҳри густариши муносибатҳои судманди байнидавлатии кишварҳои ба мо дӯст аҳамияти хоссаро доро гашта, заминаи мусоид гузоштаанд.
  2. Сифати нави дигари иҷтимоӣ ва иқтисодии дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд намуда иборат аз он аст, ки дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёти мамлакат бо далелҳои дақиқ мавриди таҳлилу тадқиқ ва хулосабарорӣ қарор дода шуда, бештар ба масъалаҳои афзун намудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, кам намудани сатҳи камбизоатӣ, зиёд намудани музди меҳнат ва афзун гардидани маблағи пасандозҳо диққати ҷиддӣ дода шудааст.

Новобаста аз он ки дастовардҳои Тоҷикистон таи биступанҷ соли истиқлолияти давлатӣ назаррас мебошанд, Пешвои миллат таваҷҷуҳи мутасаддиёни блоки иқтисодиро ба дастоварду камбудиҳои ҷойдошта ва вазифаҳо барои соли 2018 ҷалб намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» се ҳадафи такмилдодашуда ва сифатан навкардашудаи рушди самтҳои асосии иқтисодиёт ва дастгирии соҳаҳои иҷтимоиро ҳамчун вазифаҳои афзалиятнок дар Паём таъкид намуда, роҳҳои пурсамари ҳалли онҳоро бо дидгоҳи нав ишора кардаанд:

— ноил шудан ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва гузаштан ба истифодаи самарабахши неруи барқ;

— раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил ёфтани ҷумҳурӣ;

— ба даст овардани амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ва таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва молҳои     талаботи аввалиндараҷа.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон Стратегияи рушди кишвар барои 15 соли оянда таҳия шудааст, ки дар он роҳу равиши пешрафти мамлакат то соли 2030 дар чор ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди имкониятҳои коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавориву ғизо ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул муайян шуда, дар сурати амалӣ гаштани он Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати «рӯ ба рушд» ба мамлакати «дар ҳоли рушд» табдил ёфта, шумораи табақаи миёнаҳол на камтар аз 50 фоизро ташкил хоҳад дод. Ҳамчунин тавассути гуногунсозии иқтисодиёти мамлакат  рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ баланд гашта, рушди устувори иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ ба даст оварда мешавад.

  1. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъсири равандҳои номатлуби бар асари таъсири шадиди омилҳои беруна ба соҳаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таъсиргузорро мавриди таҳлил қарор дода, муваффақиятҳои кишварро натиҷаи роҳи дурусти интихобнамуда, пешгирии падидаҳои манфӣ, заҳмати аҳлона ва сарҷамъонаи мардуми мамлакат дониста, онро ҳамчун замина ва таҷрибаи бесобиқаи ба даст овардани муваффақиятҳо дар марҳилаи нав ва бо қадамҳои устувор расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии   шоистаи аҳолӣ баён намудааст.
  2. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаштан ба шакли саноатии инноватсионии рушдро яке аз марҳилаҳои нави гузариш ба сифатҳои нави иқтисодӣ таъкид намуда, истифодаи технологияҳои каммасраф ва татбиқи усулҳои пешрафтаи идоракуниро ҳамчун меҳвари баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва асоси таъмини шуғли аҳолӣ дар ҷумҳурӣ муайян намудааст.

Заминаҳои мустаҳками то ба имрӯз ба даст омада тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ дар асоси ислоҳоти ҷиддии сохторӣ дар самтҳо ва соҳаҳои ҳаётан муҳими давлатӣ бо андешидани тадбирҳои судманд ва татбиқи барномаҳои сершумори рушди иҷтимоиву иқтисодӣ рӯи кор омада, баёнгари мавҷудияти неруи тавонои сиёсатмадорӣ, таҷрибаи бесобиқа, таҳия ва роҳандозии пурсамари ҳалли масъалаҳои мураккаби сифатан нави иқтисодию иҷтимоӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Вобаста ба ин, ба ҳолати тӯлоние, ки таъмини бозори истеъмолии Тоҷикистон асосан аз ҳисоби маҳсулоти воридотӣ сурат гирифта, молҳои талаботи ҳаррўзаи аҳолӣ аз хориҷи ҷумҳурӣ дасрас мегардиданд, хотима дода мешавад.

  1. Президенти мамлакат рушди соҳаи маорифро ҳамчун омили расидан ба ҳадафҳои ососӣ ва сифатҳои нави иқтисодию иҷтимоии давлату ҷомеа таъқид намуда, ислоҳот ва пешрафти онро асоси беҳбудии ҷомеа, инкишофи фарҳанг ва ташаккули шахсият номидааст.

Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди татбиқи ислоҳот барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ намуда, бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои мавҷуда дар буҷети давлатӣ баробари иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии афзоянда, ба густариши фаъолияти инноватсиониву сармоягузорӣ, татбиқи босифати барномаҳои соҳавӣ мусоидат намудааст, ки ин боиси афзоиши маблағгузории соҳаҳои маориф ба 2,3 баробар, тандурустӣ ба 2,1 баробар дар панҷ соли охир шуда, соли 2017 ин соҳаҳо нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтаанд.

Аз 1 сентябри соли 2018 дар асоси барномаҳои тарҳрезишуда ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда шуда, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешаванд.

  1. Қобили зикр аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бо роҳи рушди сайёҳӣ ва соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, ки муаррифи таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб мераванд, дар мамлакат чораҳои ҳавасмандкунӣ татбиқ гардида, ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Барои мисол, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 давлати ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ тайи солҳои охир фаъол аст.

Гузашта аз ин, аз рӯи тадқиқоти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон гарчанде ки аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар рӯйхати панҷ давлати пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол намояд ҳам, мутаассифона, имрӯзҳо сатҳи иҷрои корҳо дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати бунёди иншоот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба такмил ниёз дошта, беҳбудии бештарро талаб менамояд.

Аз ин рӯ, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 саривақтӣ буда, такмили қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳа, аз ҷумла, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 такони бузурге дар самти ислоҳоти иқтисодии мамлакат  хоҳад шуд.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар марҳалаи кунунӣ зарур аст дар самти пешбурди ҳамкории минбаъда бо мамлакатҳои хориҷӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллии давлат, ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла, сармояи мустақим ва технологияҳои нав фаъолияти худро ҳарчи пурсамар дар асоси амалӣ  намудани чунин чорабиниҳо роҳандозӣ намояд:

— вусъат бахшидани фаъолияти давлатӣ дар самти ойину суннатҳои бостонии қадимӣ ва густариши ҳамкории фарҳангӣ, аз қабили ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон ва Сада барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда бо мамлакатҳои хориҷии дуру наздик;

— ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардонидани дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи Тоҷикистон ва ба ин восита боло бурдани нақши тамаддунсози миллати тоҷик ва густариши робитаҳои бисёрсамта бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ;

— барои дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ бо мақсади баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ аз захираву имкониятҳо барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи «иқтисодиёти сабз» зиёд истифода бурда, ҳарчи бештар фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ;

— роҳандозӣ намудани уҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ҷалби беҳтари ин созмонҳо ба иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030;

— ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ бо арзиши баланди иловашуда ва ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот таҳия намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот ва баланд бардоштани қобилияти рақобат» ва тезонидани муҳокима ва қабули он аз ҷониби сохтор ва мақомоти дахлдор.

Ҳамин тариқ, бо боварии зиёд гуфта метавонем, ки мутасаддиёни вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ сифатҳои нави иҷтимоию иқтисодии дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат муайяннамударо дар рушди устувори иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ, дар самти боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ истифода бурда, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои дар пешистода, бахусус ҷашни мубораку бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрати худро равона хоҳанд кард.

 

Нозимҷон НИДОЕВ,

 доктори илмҳои иқтисодӣ,

мудири кафедраи экспертизаи

                                                         молҳо ва фаъолияти гумрукии

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Январь 3, 2018 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«30 СОЛИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА ВА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ». Дар шаҳри Норак ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат 5390 кг маҳсулоти пастсифат ва хатарнок нобуд карда шуд
Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Бохтар конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Корея дар самти омӯзиши канданиҳои фоиданок ҳамкорӣ менамоянд
Интернети 4G ба муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар дастрас мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, панҷшанбе, 347-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ конференсия доир шуд
21 декабр Анҷумани XIII навбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад