ИСТИФОДАИ ТАҶРИБАИ СИНГАПУР ДАР ШАРОИТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ
«Ҳамкории оғозшудаи мо бо кишварҳои Малайзия, Индонезия, Тайиланд ва Сингапур талошу фаъолияти минбаъдаи сиёсӣ ва иқтисодиро тақозо дорад. Мо метавонем сармоя ва технологияи навини давлатҳои пешрафтаи ин минтақаи бузургро ба манфиати рушди босуръати кишварамон ҷалб намоем».
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 04.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеаи мамлакат мебошанд.
Паёми имсола низ аз назари мазмун ва муҳтаво нисбат ба паёмҳои гузашта бо якчанд ҷанбаҳояш фарқ менамояд. Аз ҷумла, дар он бо дарназардошти рушди техника ва технологияи муосир ва истифода гардидани он дар раванди истеҳсолот татбиқи таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё дар ин самт таъкид гардидааст.
Пеш аз ҳама, Пешвои миллат оид ба истифодаи таҷрибаи кишварҳои муваффақи олам, ба монанди Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ва давлати Сингапур, ки тавонистанд бо дарназардошти тамоми мушкилот дар самти таъмини ашёи хом, низоми солими бонкдорӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба яке аз пешрафтатарин давлатҳои дунё табдил ёбанд, ибрози назар намуданд. Махсусан дар самти таҷриба ва низоми инноватсионии бонкии Сингапур ва муваффақияти он таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Воқеан, дар тӯли таърих давлатҳое, ки бидуни таҷрибаи давлатдории кофӣ ё захираҳои бойи табиию зеризаминӣ дар муддати кӯтоҳ ба сатҳи баланди тараққиёт расида, бо истифода аз идеологияи бузурги худ баробари кишварҳои мутараққӣ нақшу нуфузро соҳиб гардида бошанд, ниҳоят каманд. Имрӯз Сингапур давлати мӯъҷизавӣ арзёбӣ мегардад, ки дар чанд даҳсолаи охир ҷаҳишҳои бузурги иқтисодиву саноатии он Аврупо ва Амрикоро ба ҳайрат гузошт. Ин аст, ки Сингапурро «хориқаи (феномен) иқтисодии асри ХХI» меноманд. Амсилаи рушди иқтисодии Сингапур барои оламиён чун муаммост: барои сиёсатмадорон Сингапур «шаҳр—давлати асри XXI» ё «Аврупои Осиёӣ ва Аврупо дар истиво (экватор)», барои тоҷирон «дарвозаи Ғарб ба Шарқ ва дарвозаи Шарқ ба Ғарб», барои сармоягузорону сармоядорон пойтахти молиявии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (ОҶШ) ё Швейтсарияи Шарқ (ки дар он 180 бонк фаъолият мекунанд), барои иқтисодчиён «бабри осиёӣ», барои сайёҳон «яке аз мӯъҷизаҳои дунё–шаҳр—давлати ҷазиравӣ» мебошад. Зеро Сингапур- ин намунаи «мӯъҷизаи иқтисодӣ» буда, асосгузори он Ли Куан Ю маҳсуб ёфта, дар давоми 40 сол Сингапурро аз кишвари «ҷаҳони сеюм» ба давлати рушди иқтисодиёташ баланд табдил дод.
Имрӯз ҳамаро саволе ба тааҷҷуб меорад, ки чӣ гуна Сингапур ба чунин сатҳи тараққиёт ноил шуд? Бо вуҷуди оне, ки он шаҳр-давлати хурде ба ҳисоб рафта, захираҳои табиӣ надошт, ҳатто оби ошомиданӣ ва қумро аз давлати ҳамсоя (Малайзия) ворид месозад. Худи Сингапур дар қисмати Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҷойгир буда, бо Малайзия таърихи ягона дорад. 3 июни соли 1959 Сингапур расман давлати худмухтор дар ҳайати Англия эътироф шуда, Ли Куан Ю дар парламент сарвазир интихоб гашт. Соли 1963 Сингапур ба ҳайати Федератсияи Малайзия шомил шуд, вале 9 августи соли 1965 аз федератсия хориҷ гардида, истиқлолияти комили худро ба даст овард.
Бояд зикр намуд, ки ин шаҳр-давлат аз ҳама кишвари қафомонда дар Осиё ба шумор мерафт ва чун маҳалли роҳзанҳои баҳриву маркази мубодилаи маводи мухаддир шинохта мешуд. Ҳатто соли 1960 маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) Сингапур ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи кишварҳои африқоӣ рост меомад. Дар маҷмӯъ, кишвар аз рӯйи ҳеҷ як нишондиҳандаи иқтисодию иҷтимоӣ назаррас набуд, аммо он бо тадбиқи сиёсати одилона ва дурусти иқтисодӣ амалан дар тӯли якчанд даҳсола ба як давлати мутараққии технологиву инноватсионӣ табдил ёфтааст.
Айни ҳол масоҳати Сингапур 719 ҳазор км2 ва аҳолияш 5,6 млн. нафарро ташкил дода, яке аз кишварҳои калидии минтақа ба ҳисоб меравад. Сингапур дар муддати ним аср маҷмӯи маҳсулоти дохилиашро 300 маротиб афзун намуда, аз $ 700 млн. дар соли 1960 ба $ 200 млрд дар соли 2010 баробар гардид. Ҳоло ин нишондод ба 311 миллиард доллар расидааст, ки даромад ба ҳар сари аҳолӣ аз 1000 доллар дар соли 1965 то ба 55000 доллар афзоиш ёфтааст. Имрӯз сохтори иқтисодиёти Сингапур мувофиқи маълумоти соли 2016 (бо %-и ММД) дорои чунин нишондиҳанда мебошад: а). Соҳаи хизматрасонӣ-83,5%;б).Соҳаи саноат 15,5% в). Соҳаи хоҷагии қишлоқ-0,98%-ро ташкил медиҳад. Иқтисодиёти Сингапур яке аз иқтисодиёти озодтарин, навовартарин ва рақобатпазиру динамикӣ буда, барои тиҷорат мувофиқ арзёбӣ гаштааст. Дар ин нишондод байни 5 кишвари дорои иқтисоди озодтарини ҷаҳон ҷойи 2-умро ишғол менамояд.
Қадамҳои бевоситаи Сингапурро дар масъалаи рушди иқдисодӣ чунин қайд кардан мумкин аст:
Якум. Таҷрибаи кишварҳои муваффақро омӯхт ва ҷалби сармоягузоронро ба роҳ монд. Ли Куан Ю ширкатҳои фаромиллиро ба кишвар ворид сохт. То солҳои 80-ум Сингапур аллакай ҳамчун яке аз давлатҳои содиркунандаи асосии молҳои электронӣ эътироф гардид. Соли 1997 дар ин кишвар зиёда аз 200 ширкати амрикоӣ ҷойгир шуданд, ки ин иқдом нуфузи ин давлатро баланд бардошт ва минбаъд Сингапур ҳамчун маркази асосии молиявии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ шинохта шуд.
Дуюм. Сингапур пешсафтарин низоми маорифро соҳиб аст. Таваҷҷуҳи давлат нисбат ба таҳсилоту маориф аз боғча шурӯъ шуда, кӯдакони доро ва камбизоат дар шароити баробар ва мусоид бо таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Ҳар сол ҳар яки онҳо имтиҳони тестии IQ месупоранд ва касе, ки аз он мегузарад, ба таври автоматӣ таҳсили худро дар машҳуртарин мактаби ин давлат (Raffles) идома медиҳад. Дар ин мактаб роҳбарони ояндаи ҷумҳурӣ омода мешаванд. Дарсҳои ин мактаб аз соати 7.30-и субҳ шурӯъ шуда, соати 18.00-и бегоҳ анҷом меёбанд. Таҳсил ройгон буда, баъди хатми мактаб ҷавонон метавонанд дар мактабҳои олии давлат ва хориҷи он таҳсили худро давом диҳанд, аммо онҳо уҳдадоранд, ки пас аз хатми донишгоҳ ба Сингапур баргашта, фаъолият намоянд. Ли Куан Ю қайд мекунад: «Мо ҳеҷ гуна захираҳои табиӣ надорем, аз ин рӯ бартарии мо дар қувваҳои зеҳниамон аст». Бояд зикр кард, ки маоши мансабдорони ҳукуматӣ тақрибан ба маоши мансабдори масъули ширкати тиҷоратӣ баробар мебошад.
Сеюм. Ли Куан Ю ҳеҷ гоҳ ба низоми некӯаҳволии оммавӣ бовар надошт. Дар ин хусус ӯ чунин гуфта буд: «Қобилияти одамон баробар нест. Вақте ки давлат вазифаҳои сардори оиларо ба зиммаи худ мегирад, матонати инсонҳо заиф мегардад. Некуаҳволӣ такя ба қувваи худро аз байн мебарад ва мардум барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии оилаи худ талош намекунанд. Имрӯз дар кишвар амалан бекорӣ дида намешавад, зеро барои бекорон аз ҷониби давлат кумаке пешбинӣ нагардидааст.
Чорум. Қариб ҳамаи аҳолии маҳаллии кишвар соҳиби манзили шахсӣ мебошад, зеро давлат манзилҳоро бо нархи арзон сохта, баъдан ба мардум бо нархи дастрас ба фурӯш мегузорад. Дар чунин манзилҳо 80%-и сингапуриҳо истиқомат мекунанд.
Панҷум. Ҳисобҳои нафақавии ҳайати коргарон. Миқдори нафақа аз ҳисоби коргар ва корфармо бо таносуби 50:50 ҷудо карда мешавад. Онҳо метавонанд аз ҳисоби ин маблағ қарз барои хонаи истиқоматӣ, табобати шахсӣ, хариди саҳмияҳо ва ғайра гиранд.
Шашум. Муборизаи беамон бар зидди ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ. Барои ба ҳабс кашидани ҷинояткор бе мурофиаи судӣ ва кофтукови аъзои ҷиноят 3 шоҳид басанда аст. Аз ин рӯ имрӯз дар ин мамлакат сатҳи пасти ҷинояткорӣ дида мешавад.
Ҳафтум. Муборизаи бераҳмона бо фасод. Баҳри пешгирӣ ва нест намудани падидаи номатлуби фасод (коррупсия) Ли Куан Ю ҳанӯз соли 1960 стратегияи зидди фасодро қабул кард. Ҳамзамон беҳтарин додситонҳоро ҷалб намуда, маоши солонаи онҳоро 1 миллион доллар муқаррар кард ва маоши полис 250 ҳазор доллар муайян шудааст. Имрӯз аз рӯи индекси Transparency International Сингапур аз ҷиҳати сатҳи пасти фасод дар ҷаҳон ҷой якумро ишғол мекунад. Дар ин масъала ба Ли Куан Ю савол медиҳанд, ки «чӣ гуна ба сатҳи пасти фасод ноил гаштед?». Ӯ чунин ҷавоб мегардонад: «фақат се рафиқи наздики худро ба маҳбас равон кунед, тамом». Ӯ ҳатто амаки худро ба ҳабс кашидааст.
Ҳаштум. Нест кардани мухолифин (оппозитсия), махсусан тарғибгарони ақидаи коммунизм.
Китоби машҳури Ли Куан Ю бо номи «Аз ҷаҳони сеюм ба ҷаҳони якум» оид ба идоракуние сухан меронад, ки сирф бо хусусиятҳои осиёӣ дар сохтани давлати пешрафта саҳми бузург гузоштааст. Имрӯз мо мебинем, ки талоши Ли Куан Ю чӣ ҳосилеро ба бор овардааст:
Сингапур аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҷойи якумро мегирад (14%дар як сол);
Сингапур ҳамчун маркази саноату молияи ҷаҳон шинохта шудааст;
Сингапур аз ҷиҳати коркарди нафт дар ҷаҳон баъди Хюстон ва Роттердам ҷой 3-юмро ишғол менамояд ( ҳамасола 20 млн тонна);
Сингапур аз лиҳози рушди технологияи иттилоотӣ дар ҷаҳон баъд аз Дания ва Шветсия ҷойи сеюмро мегирад;
Сатҳи зиндагӣ дар Сингапур ниҳоят баланд буда, аз рӯи нишондоди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ 55 ҳазор доллар рост меояд, ки ин нишондод дар ҷаҳон ҷойи 4-умро ишғол менамояд;
Аз рӯи индекси Transparency International Сингапур аз ҷиҳати сатҳи пасти фасод дар ҷаҳон ҷой якумро ишғол мекунад;
Сингапур аз ҷиҳати захираҳои тиллоӣ баъд аз Япония ва Чин ҷой 3-юмро ишғол мекунад;
Сингапур байни 5 давлати дорои иқтисоди озодтарини ҷаҳон ҷойи 2-юмро ишғол менамояд.
Сингапур аз ҷиҳати сатҳи пасти бекорӣ (1,8%), сатҳи пасти фасод (84%), сатҳи пасти ҷинояткорӣ ва таъмини амният дар ҷаҳон дар 5-гонаи аввал ворид мебошад;
Сингапур аз ҷиҳати сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ҷойи намоёнро ишғол намуда, танҳо соли 2016 ба ин давлат 16,4 млн нафар сайёҳ ворид шуда, 24,8 млрд. доллар даромад ба даст овард;
Сингапур аз ҷиҳати макони бениҳоят бо ҳузуру ҳаловат будан барои зиндагӣ дар саросари ҷаҳон ҷойи якумро ишғол менамояд.
Бо назардошти комёбиҳо ва дастовардҳои назарраси соҳаҳои пешрафтаи ҷомеаи Сингапур, ба монанди мавҷуд будани фазои хуби сармоягузорӣ, муҳити баланди рақобат, соҳиби ҷойи намоён дар рейтинги иқтисодиёти озод, илму маорифи пешсаф, сатҳи баланди шароити некӯаҳволӣ, инчунин тарафҳои манфӣ низ дар иқтисодиёти Сингапур ба назар мерасанд. Аз ҷумла, вобастагии расонидани об аз Малайзия, воридоти қариб ҳамаи маҳсулоти озуқаворӣ ва неруи барқ, камёбии мутахассисон, танқисии замин ва ғайраҳо.
Дар маҷмӯъ, рушду инкишофи босуръати Сингапур ҳамчун намуна ва мисол барои аксари давлатҳои рӯ ба инкишофу мутараққии дунё гардидааст. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам самаранок ва натиҷабахш намудани соҳаҳои муҳими ҷомеа мебояд аз ин афзалиятҳои инноватсионии Сингапур бевосита истифода барад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои имконоти хуби энергетикӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ ва инчунин захираҳои бойи табиӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурӣ махсусан ба рушди соҳаҳои зерин ниёзи бештар дорад:
а). Истифодаи максималии захираҳои гидроэнергетикӣ (527 млрд квт/соат дар як сол, ҷойи 8-ум дар ҷаҳон) ва ба ин васила соҳиб шудан ба бозори неруи барқи минтақавӣ;
б) Истифодаи самараноки захираҳои кӯҳӣ (93% кӯҳсор) ва рушди коркард, истеҳсол ва содироти канданиҳои фоиданок ва махсусан семент;
в) Рушди соҳаи сайёҳӣ (1000 дарё, 2000 кӯл, 8000 яхчашмаҳо ва табиати биҳиштӣ) бо истифодаи таҷрибаҳои кишварҳои муваффақ, монанди Сингапур ва Тайланд. Аз ин рӯ барои татбиқи имкониятҳои мавҷуда бо назардошти таҷрибаи Сингапур ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебояд тадбирҳои зеринро пеш гирад:
- Ҳукумати ҶТ ҳар чӣ бештар ҳамкории илмӣ, иқтисодӣ ва сиёсии худро бо Сингапур тақвият бахшида, ҷалби сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои энергетика, коркарди ашёи хом, сарватҳои зеризаминӣ ва ҷалби мутахассисони баландихтисосро ба соҳаҳои низоми бонкӣ ва низоми маориф ба роҳ монад, то ин ки бо тарзу усули таҷрибаи Сингапур ин соҳаҳо рушд ёбанд.
- Масъалаи қонунгузорӣ дар давлат, махсусан мубориза бар зидди фасод бояд шадидан ба роҳ монда шавад, зеро омили пешрафти тамоми соҳаҳо аз сатҳи пасти фасод дар мамлакат вобастагӣ дорад.
- Имрӯзҳо таваҷҷуҳи соҳаи маориф ва илм аз ҷониби давлату ҳукумат назаррас мебошад, аммо мебояд боз ҳам мақсадноку самарабахш ва дорои дурнамо бошад. Масалан, чӣ дар боғчаҳо ва чӣ дар мактабҳои миёнаву олӣ мебояд бештар таваҷҷуҳи хосса ба кӯдакони болаёқат равона шавад. Ҳатто ҳар як шаҳру ноҳия бояд гурӯҳҳоро бо чунин истеъдодҳо ташкил намоянд ва онҳо бо шарту шароити олӣ таълиму тарбия дода шаванд. Ҳар сол онҳо аз имтиҳон ё тести махсус (IQ) гузаронида шуда, беҳтаринҳо ба мактабҳои машҳури ҷумҳурӣ ройгон дохил гарданд. Ин равандро дар саросари ҷумҳурӣ ба роҳ монда, маркази он шаҳри Душанбе бошад. Касбу ихтисос бо назардошти донишу малакаи онҳо муайян гашта, вобаста ба ин таҳсили махсусро бо устодони баландихтисос паси сар намоянд. Раванди таълиму тарбияи онҳо мебояд аз кўдакӣ то ба дараҷаи донишҷӯӣ, аспирантӣ ва докторантӣ таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории бевоситаи давлат қарор гирад.
- Ҷиҳати баланд бардоштани сиёсати кадрӣ, тайёр кардани кадрҳо чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ, инчунин ҷобаҷогузории қадрҳо бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи худро сарфи назар аз мушкилоту монеаҳо ба соҳаи маориф ва илм равона созад. Чунин сиёсат мебояд аз боғча то ба донишгоҳҳову донишкадаҳо, ҳатто то аспиранту докторантҳо равона шавад.
- Дар мавриди соҳибкории хурду миёна. Бо назардошти банд будани бозори ҷаҳонӣ истеҳсол ва фурўши молҳои саноатии рақобатпазир, таъсиси корхонаҳои бузург, мавҷудияти маблағҳои бузург ҳукумати ҷумҳуриро зарур мебошад, ки рушди соҳибкории хурд ва ҳатто дар заминаи оилавиро вусъат бахшад. Аз ҷониби дигар, барои рушди соҳа имтиёзоти муайян ва қонунгузории мушаххас зарур мебошад.
- Барои бартараф намудани масъалаи бекорӣ ҳукумати ҷумҳуриро зарур аст, ки бо истифода аз таҷрибаи Сингапур ҳаҷми андоз ва пардохтҳои гумрукӣ, андоз аз даромадро бо мақсади ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, бахусус ширкатҳои фаромиллӣ кам намояд. Бо таъсиси филиали ширкатҳои фаромиллӣ имкони фароҳам омадани теъдоди зиёди ҷойҳои корӣ ва даромад ба буҷа мавҷуд мегардад.
- Сохтмони хонаҳои истиқоматӣ. Бо истифода аз таҷрибаи Сингапур давлат метавонад сохтмони хонаҳои истиқоматиро пурра ба уҳдаи худ гирифта, барои кадрҳои ҷавони болаёқат, мутахассисони технологӣ, олимони ҷавон ва дар маҷмӯъ, хизматчиёни давлатӣ бо нархҳои арзон ва ба тариқи қарзӣ (ипотекаи давлатӣ) хонаҳоро пешниҳод намояд.
- Ба роҳ мондани сиёсати дурусти технологӣ. Ҷалби ҷавонони болаёқат дар соҳаҳои технологияи инноватсионӣ. Қабули барнома ё стратегияи мукаммали рушди технологӣ. Ҷорӣ намудани майлони технологӣ дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва омӯзишгоҳу донишгоҳҳои кишвар (мисли технопаркҳо).
- Бо назардошти имконоти мамлакат афзоиши захираи тиллои давлатӣ бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва қурби асъори миллӣ ба роҳ монда шавад.
- Бо истифодаи таҷрибаи Сингапур дар самти коркарди нафт ва таъмину содироти он ба кишварҳои хориҷӣ хеле судманд мебошад. Дар ин самт кишварҳои арабии халиҷи Форсро метавонем ҷалб созем, ки аз ҷиҳати захира ва истихроҷи нафт дар ҷаҳон машҳуранд.
Вобаста ба масоили номбурда метавон зикр намуд, ки бешубҳа, истифодаи таҷрибаи давлатҳое мисли Сингапур, ки тавонистааст самараи амалии худро ба бор оварад, ба рушди иқтисодии Тоҷикистон таъсири худро мегузорад.
Хайриддин ПАЙВАНДОВ,
ассистенти факултети муносибатҳои байналхалқии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон