Мавсума Муинӣ: «Паёми имсолаи Пешвои миллат хусусияти иҷтимоӣ дорад»
ДУШАНБЕ, 17.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 10 то 19 январи соли 2018 ҷиҳати ташреҳ ва тарғиби мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони соҳа ва сохторҳои пойтахт мулоқоту cуҳбатҳо баргузор менамояд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, мулоқотҳо асосан бо фарогирии кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, олимон, фаъолони маҳал, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва собиқадорони меҳнат баргузор мешаванд.
Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ, ки ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ роҳбарӣ мекунад, бо намояндагони соҳаҳои тандурустиву маориф, фарҳангу варзиш, нақлиёту саноат, савдо, иқтисод, андоз, сохтмону коммуналӣ, занону ҷавонон, имомхатибони масҷидҳо ва дигар сохторҳо вохӯрӣ гузаронида, мазмуну муҳтавои Паёми солонаи Пешвои миллатро шарҳ дода, барои амалӣ намудани нуктаҳои асосии он маслиҳату машваратҳои муфид медиҳанд. Зимни яке аз чунин мулоқот дар Муассисаи таҳсилоти умумии №8-и шаҳри Душанбе, ки имрӯз баргузор гардид, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки «Паёми имсолаи Пешвои миллат хусусияти иҷтимоӣ дошта, пурра барои манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ва бо ҳаёти шоиста таъмин намудани онҳо равона гардидааст».










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд






