Мавсума Муинӣ: «Паёми имсолаи Пешвои миллат хусусияти иҷтимоӣ дорад»

Январь 17, 2018 08:24

ДУШАНБЕ, 17.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 10 то 19 январи соли 2018  ҷиҳати ташреҳ ва тарғиби  мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони соҳа ва сохторҳои пойтахт мулоқоту cуҳбатҳо  баргузор менамояд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, мулоқотҳо асосан бо фарогирии кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, олимон, фаъолони маҳал, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва собиқадорони меҳнат баргузор мешаванд.

Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ, ки ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ роҳбарӣ мекунад,  бо намояндагони соҳаҳои тандурустиву маориф, фарҳангу варзиш, нақлиёту саноат, савдо, иқтисод, андоз, сохтмону коммуналӣ, занону ҷавонон, имомхатибони масҷидҳо ва дигар сохторҳо вохӯрӣ гузаронида, мазмуну муҳтавои Паёми солонаи  Пешвои миллатро шарҳ дода, барои амалӣ намудани нуктаҳои асосии он маслиҳату машваратҳои муфид медиҳанд.       Зимни яке аз чунин мулоқот дар Муассисаи таҳсилоти умумии №8-и шаҳри Душанбе, ки имрӯз баргузор гардид, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки  «Паёми имсолаи Пешвои миллат хусусияти иҷтимоӣ дошта, пурра барои манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ва бо ҳаёти шоиста таъмин намудани онҳо равона гардидааст».

Январь 17, 2018 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд