НИҲОЛ ШИНОНЕМ. Дар Душанбе намоиш — фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан ва гулу буттаҳои ҳамешасабз баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 04.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-7 январи соли равон аз соати 8:00 дар Боғи «Дӯстии халқҳо»- и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва тухмиҳои баландсифат баргузор карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов хабар дод.
Ин ҳадаф бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” роҳандозӣ карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ярмаркаи мазкур ниҳолҳои беҳтарини дорои сертификати сифат, тухмиҳои хушсифати ба шароити иқлим мутобиқ ба намоиш–фурӯш бароварда шуда, хоҷагиҳои боғпарварӣ, деҳқонону сокинони ҷумҳурӣ метавонанд дар баробари харидории ниҳол ва гулу буттаҳо, инчунин аз маслиҳати олимони соҳаи кишоварзӣ бархурдор шаванд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






